Нимаи дуюми рӯзи 13-уми декабр президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини Канслери федеролӣ, Вазири федеролии иқтисод ва технологияи Олмон Филин Рёслер мулоқот намуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар вохӯрӣ роҳу василаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории иқтисодии ду кишвар баррасӣ шуд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳаҷми маблағҳои аз ҷониби Олмон ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон равонагардида дар 15 соли охир ба зиёда аз 130 миллион евро расидааст.
Ҳарду ҷониб ба рушди ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, коркарди захираҳои минералӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳамчунин рушди туризми экологӣ ҳавасмандии зиёд зоҳир намуданд.
Сипас дар ҳузури сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Муовини Канслери федеролӣ, Вазири федеролии иқтисод ва технологияи Олмон Филин Рёслер, ки ҳамчунин раиси ҳизби лебералӣ-демократӣ ва яке аз пешвоёни сиёсии ин кишвар аст, 3 санади нави зарини ҳамкорӣ ба имзо расид:
– Баёнияи якҷоя оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ миёни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Федералии Олмон;
– Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии энергетикии «Dena» -и Олмон;
– Ёддошти тафоҳум миёни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти федералии илмҳои геологӣ ва захираҳои табиии ҷумҳурии Федералии Олмон оид ба ҳамкории илмию техникӣ дар соҳаи илмҳои геологӣ ва захираҳои табиӣ.


