Раиси ҲНИТ ва дипломатии белгиягӣ вазъи минтақаро баррасӣ карданд

Чанде қабл раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон  Муҳиддин Кабирӣ сафири Белгия дар Тоҷикистон ҷаноби Даниел Бертронро  бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт. Тавре аз қароргоҳи ҲНИТ хабар доданд, зимни сӯҳбат вазъи имрӯзаи кишвар ва минтақа, Афғонистон пас аз  берун рафтани нерӯҳои НАТО, авлавиятҳои ҲНИТ дар марҳалаи кунунӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Муҳиддин Кабирӣ вазъи кишварро […]

ASIA-Plus


Чанде қабл раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон  Муҳиддин Кабирӣ сафири Белгия дар Тоҷикистон ҷаноби Даниел Бертронро  бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз қароргоҳи ҲНИТ хабар доданд, зимни сӯҳбат вазъи имрӯзаи кишвар ва минтақа, Афғонистон пас аз  берун рафтани нерӯҳои НАТО, авлавиятҳои ҲНИТ дар марҳалаи кунунӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Муҳиддин Кабирӣ вазъи кишварро ором ва муътадил арзёбӣ намуда, мушкилоти мавҷударо қобили ҳал донист.

«Аз ҷумла қайд шуд, ки камтарин ҳаракати ноҷо метавонад боиси бузург нишон додан ва суйистифода аз тарафи нерӯҳои бегона ва фурсатталаб бошад, ки сулҳу оромиш ва ваҳдати миллии мо ба нафъашон нест. Авлавияти ҲНИТ ҳам дар ҳифзи суббот ва пешгирии ҳамагуна фитна дар заминаи ихтилофоти сиёсӣ ва мазҳабӣ мебошад», – иброз доштан дар қароргоҳи ҲНИТ.

Ба иттилои манбаъ, сафири Белгия ҷаноби Даниел Бертрон  Қайд намуд, ки кишвари Белгия дар минтақаи Осиёи Марказӣ манфиатҳои зиёди иқтисодӣ ва тиҷоратӣ надорад, вале барои ин кишвар амнияту суббот ва риояи ҳӯқуқ ва озодиҳои мардуми ин минтақа аз авлавиятҳо маҳсуб мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.