Дар шаҳри Берлин бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ифтитоҳ ёфт.
Тавре аз хадамоти матуботи сарвари давлат хабар доданд, зимни боздид аён гардид, ки бинои сафорат дорои шароити зарурии кори пурсамар барои намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Олмон аст.
Бо қаноатмандӣ аз шароити муҳайёшуда, изҳори боварӣ карда шуд, ки сафорати Тоҷикистон дар Берлин ва ҳам сафорати Олмон дар Душанбе барои иҷрои нияту нақшаҳои таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстиву ҳамкории барои ҳарду ҷониб судманд минбаъд низ ҷаҳду талош мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ ёдовар шуд, ки Олмон нахустин кишвари Аврупо буд, ки сафораташ дар Душанбе ифтитоҳ ёфт ва Тоҷикистон ҳам миёни кишварҳои ин қитъаи олам сафорати аввалини худро дар ҳамин кишвар боз намуда буд.


