Дар Душанбе мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон хонум Дорис Ҳертрампф, Сафири Фаронса Анри Зиппер де Фабиани, Сафири ШМА Кеннет Гросс, кордори Британияи Кабир Марк Вудҳем ва иҷрокунандаи вазифаи роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Иштван Нитрай баргузор гардид.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, вазири корҳои хориҷӣ зимни мулоқот сафиронро оид ба чорабиниҳои муҳими қарибулвуқӯъ, ки баргузориашон дар соли 2012 дар Тоҷикистон дар назар аст, воқиф намуд.
Ба иттилои манбаъ, вазир таваҷҷӯҳи ҳайатро ба раванди омодагӣ ба баргузории Конфронси панҷуми ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон, ки моҳи марти соли равон дар Душанбе баргузор хоҳад гардид, ҷалб намуд.
Зикр гардид, ки вазири корҳои хориҷӣ изҳор доштааст, баргузории чунин чорабинии муҳим ба ҳамгироии минтақавии иқтисодӣ хизмат намуда, барои ҷалби бештари Афғонистон ба ҳамкориҳои иқтисодӣ заминаи мусоид хоҳад гузошт.
Ҳамчунин мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фан Сянжун баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо 20-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Хитойро таъкид намуда, бо қаноатмандӣ дастовардҳои назаррас ва муносибатҳои мутақобилан судманди ду кишварро дар ояндаи наздик табодули назар карданд.
Ҳамзамон мавзӯъҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла масоили марбут ба таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон ва баргузории Панҷумин конфронси ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCА V, 26-27 марти соли 2012, Душанбе) мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифтанд.


