Тайи як сол сафи ҲХДТ 25 ҳазор нафар зиёд шуд

Таҳти сарварии муовини аввали раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Сафар Сафаров ҷаласаи васеи раёсати ҳизб доир гардид, ки дар он роҳбарони шӯъбаҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрии ҳизб иштирок карданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Усмон Солеҳов, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи Кумитаи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон хабар дод, дар ҷаласа аз фаъолияти ҳизб […]

Аваз Юлдошев


Таҳти сарварии муовини аввали раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Сафар Сафаров ҷаласаи васеи раёсати ҳизб доир гардид, ки дар он роҳбарони шӯъбаҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрии ҳизб иштирок карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Усмон Солеҳов, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи Кумитаи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон хабар дод, дар ҷаласа аз фаъолияти ҳизб дар соли гузашта натиҷагирӣ шуда, нақшаву вазифаҳо барои соли соли равон муайян карда шуданд.

«Иштирокдорони ҷаласа фаъолияти Дастгоҳи Кумитаи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро қаноатбахш арзёбӣ карданд. Соли гузашта сафи ҲХДТ 25 ҳазор нафар зиёд шуд», – иброз дошт Солеҳов.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон шумори аъзои ҲХДТ 160 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.