Баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи ангишт» дар Шӯрои парлумон

Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки имрӯз 5 – уми март таҳти раёсати Раиси ин мақоми олии қонунгузор Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ангишт» – ро муҳокима карданд. Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов хабар дод, лоиҳаи қонуни мазкур асосҳои […]

ASIA-Plus


Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки имрӯз 5 – уми март таҳти раёсати Раиси ин мақоми олии қонунгузор Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ангишт» – ро муҳокима карданд.

Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов хабар дод, лоиҳаи қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва ташкилиро дар соҳаи ангишт муқаррар менамояд.

Таъкид шуд, ки зарурати қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ангишт» барои ба танзим даровардани назорат ва дастгирии молиявии ҳифзи меҳнат, бехатарии саноатии корҳо, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи иҷтимоии коргарони ба корҳои вазнин, хатарнок ва ё шароиташ зараровари меҳнат машғулбуда ва фароҳам овардани фазои сармоягузориро дар бар гирифта, барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мусоидат менамояд.

Инчунин, истифодаи самараноки ангишт барои сарфа намудани миқдори зиёди қувваи барқ ва ҳифзи табиат мусоидат менамояд. Дар Шӯро, ҳамчунин, лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд», масъалаҳо Дар хусуси Созишнома дар бораи ҳамкории вазоратҳои корҳои дохилии (политсияи) давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон, Дар бораи лоиҳаи Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сейми (Парлумони) Полша ва Дар бораи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар бораи шартҳои будубоши Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раисони кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Раҷабов, Амир Катаев, Амирқул Азимов, Олим Салимзода, Азизмад Имомов ва дигар аъзои Шӯро роҷеъ ба мавзӯъҳои рӯзнома фикру андешаҳои худро баён дошта, қабули санадҳои мазкурро барои рушди арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат муҳим арзёбӣ карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.