Дар шаҳри Душанбе конфронси панҷуми байнулмилалии минтақавии ҳамкории иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V) ба кор шуруъ мекунад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, ба ҷаласаи кории конфронс бо сухани шодбошӣ сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳусни оғоз бахшида, сипас сарони кишварҳои Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод, Афғонистон – Ҳомид Карзай ва Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ суханронӣ мекунанд.
Конфронс муддати ду рӯз идома ёфта, дар ҷараёни кори ҷаласаи он вохӯриҳои гурӯҳҳои корӣ низ доир мегарданд. Дар конфронс масоили мусоидат ба рушди иқтисоди Афғонистон тавассути ташаккули зербинои он (нақлиёт ва энергетика), рушди захираву имконоти инсонӣ тавассути мусоидат ба рушди маориф ва омодагии касбии кадрҳо, муваффақ гардидан ба пешбурди сармоягузорӣ, савдо ва беҳбуди идораи марзҳо ба воситаи таҳким ва ҳамоҳангсозии ҳамкорӣ миёни мақомоти миллӣ ва шарикони байнулмилалӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Дар кори конфронс ҳайатҳои 40 кишвари ҷаҳон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ ва намояндагони 33 созмонҳои байнулмилаливу минтақавӣ иштирок мекунанд.
Ҳамчунин дар ҳошияи баргузории конфронс аз 26 то 29-уми март дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Афғонистон – имконоти ҳамкории иқтисодии минтақавӣ» Ҳамоиши тиҷоратӣ ва намоишгоҳ баргузор мегардад. Дар Ҳамоиши тиҷоратӣ баррасии масоили истифодаи пурсамари имконоти мавҷуда дар рушди ҳамкории иқтисодии минтақавӣ, тавсеаи савдои минтақавӣ, табодули афкор миёни занон ва ҷавонони соҳибкор оид ба ноил гардидан ба комёбӣ дар соҳибкориву тиҷорат дар назар аст.


