Сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия ҳамдигарро табрик гуфтанд

Сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев ҳамдигарро ба ифтихори 20-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфтанд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуотии сарвари давлат, дар барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон ба унвони президенти Русия зикр мегардад, ки дар Тоҷикистон муносибатҳои дӯстии зич ва ҳамкории бисёрҷониба бо Федератсияи Русия – […]

ASIA-Plus


Сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев ҳамдигарро ба ифтихори 20-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфтанд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуотии сарвари давлат, дар барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон ба унвони президенти Русия зикр мегардад, ки дар Тоҷикистон муносибатҳои дӯстии зич ва ҳамкории бисёрҷониба бо Федератсияи Русия – шарики стратегиро қадр карда, ин муносибатҳо дар авлавиятҳои сиёсати хориҷии давлат мақоми хоса доранд.

«Хурсандибахш аст, ки тайи ду даҳсолаи гузашта ҳамкории байни кишварҳоямон суръати рушди мусбӣ дошта ва он пайваста бо рушду густариши хушсифат дар ҳамаи мавқеъҳои асосии ҳамкорӣ, ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам дар асоси бисёрҷониба сурат мегирифт.  Имрӯз муносибатҳои Тоҷикистону Русия аслан ҳамаи соҳаҳои ҳаётро фаро мегиранд, ки манфиатҳояшон дар онҳо мушабеҳи якдигар буда ва омили муҳими сулҳу суботи минтақа мебошанд, – омадааст дар барқия. – Муносибатҳои имрӯзаи мамлакатҳои мо, ки дар принсипҳои баробарӣ, эҳтироми якдигар, ба назар гирифтани манфиатҳои якдигар, ёрии ҳамдигарӣ ва дастгирии якдигар қарор дошта, хусусияти дарозмуддат доранд, дар қиёси сиёсӣ, дар бахши иқтисодиёт, амният, дар соҳаи гуманитарӣ ва аз рӯи бисёр самтҳои дигари равобити амалӣ муттасил рушду густариш меёбанд».

Дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон қайд мегардад, ки бистсолагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ санаи фархундаи таърихи навтарини муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия мебошад ва он дар айни ҳол сабабе барои дарк намудани дурнамои ҳамкории мутақобилан муфид ва роҳҳои пешравии минбаъдаи он мегардад.

«Марому манфиати самимонаамонро дар амри бо мазмуни нав пурра гардонидани ҳамаи ҷиҳатҳои ҳамкории ду кишвар тасдиқ намуда, изҳори боварӣ мекунам, ки мо бо нерӯи мавҷудаи муносибатҳои Тоҷикистону Русия такя намуда, бо саъю кӯшишҳои муштарак ба қуллаҳои нави рушди он ба нафъи халқҳоямон мерасем», – гуфтааст дар барқияи худ Эмомалӣ Раҳмон ва ба ҳамтои русиягии худ аз самими қалб тансиҳатии бардавом ва натиҷаҳои нави самарабахш дар фаъолияти минбаъдааш ва ба ҳамаи халқи Русияи дӯст сулҳ ва беҳбудию шукуфоиро таманно кардааст.

Дар ҳамин ҳол, дар барқияи ҷавобӣ ба президенти Тоҷикистон сарвари давлати Русия Дмитрий Медведев зикр кардааст, ки «тайи солҳои гузашта бо саъю кӯшишҳои якҷоя ба мо муяссар гардид, ки ҳамкории дуҷонибаро, ки дар анъанаҳои бисёрсолаи дӯстӣ қарор дорад, ба сатҳи сифатан нав бардорем».

«Россия ва Тоҷикистон муколамаи сиёсӣ ва робитаҳои тиҷоратиро пайваста таҳким бахшида, ҳамоҳангсозиро дар масъалаҳои муқобилат ба хавфу таҳдидҳои нав роҳандозӣ менамоянд, – таъкид мегардад дар барқия. – Аминам, ки ривоҷи минбаъдаи ҳамкорӣ дар умури байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла дар ҳошияи иттиҳодияҳои ҳамгироӣ ҷавобгӯи манфиатҳои кишвару халқоямон буда, ба кори сулҳу амнияти Осиёи Марказӣ хидмат менамояд». 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.