ҲХДТ ба иллати камбуди маблағ ташкили радиоро мавқуф гузошт

Date:


Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба иллати камбуди маблағ ифтитоҳи шабакаи мустақили радиои ҳизбиро ба муҳлати номуайян мавқуф гузошт.

Ёдрас мекунем, ки моҳи марти соли гузашта раиси ҳизб, президенти Тоҷикистон ба Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ҷиҳати боз кардани шабакаи радиои ҳизбӣ супориш дода буд.

Дар робита ба ин масъала мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Усмон Солеҳ ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» гуфт, мутахассиосн ҳатто маблағи хароҷоти ифтитоҳи шабакаи радиои мустақилро ҳисобу китоб накарданд, зеро фаҳмиданд, ки маблағҳои ҳизб барои ин кор нокофӣ аст.

«Айни замон ба буҷети ҳизб аз ҳисоби фурӯши нашрияи ҳизбӣ – ҳафтавори «Минбари халқ» маблағ ворид мегардад, ки бо теъдоди аз ҳама бештар дар Тоҷикистон – 45 ҳазор нусха ба чоп мерасад. Феълан буҷети ҳизб зиёда аз 2 млн. сомониро ташкил медиҳад», – гуфт вай.

Ба суоли ба куҷо ворид шудан ва бо кадом мақсад истифода шудани маблағи ҳаққулузвият номбурда гуфт, ин маблағҳои аъзои ҳизб дар ташкилотҳои шаҳриву ноҳиявӣ боқӣ монда, барои ташкили кору фаъолияти онҳо масраф мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта шӯъбаи таблиғоти ҲХДТ иттилоъ дода буд, ки ояндаи наздик ҳизб радио ташкил менамояд. Зикр гардида буд, ки дар ибтидои фаъолият радиои ҲХДТ барои шаҳри Душанбе ва манотиқи наздимарзии кишвар барномаҳо таҳия хоҳад кард. Гуфта мешуд, барномаҳое, ки дар радиои ҲХДТ  таҳия ва пахш мегарданд,  гуногун буда, мавзӯъҳои сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию фароғатиро дар бар хоҳанд гирифт ва аз фаъолияти густурдаи ҳизб дар минтақаҳои мухталифи кишвар ва навигарию рӯйдодҳои ҷумҳурӣ  хабару гузоришҳо омода мегарданд.

Дар Тоҷикистон 8 ҳизби сиёсӣ фаъолият дошта, то ҳанӯз ҳеҷ кадоме аз онҳо радиои мустақили ҳизбӣ надоранд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related