Президент: Муносибот бо ИА дар миёни афзалиятҳои сиёсати мо мақоми хос дорад

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи вакилони Парлумони Аврупо доир ба кор бо кишварҳои Осиёи Марказиро бо сарварии Раиси гурӯҳ Паоло Бартолоззи ба ҳузур пазируфт. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистон бо Парлумон ва дигар сохторҳои Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд. Кори босамари Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Иттиҳоди […]

ASIA-Plus


Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи вакилони Парлумони Аврупо доир ба кор бо кишварҳои Осиёи Марказиро бо сарварии Раиси гурӯҳ Паоло Бартолоззи ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистон бо Парлумон ва дигар сохторҳои Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.

Кори босамари Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, ки соли гузашта таъсис ёфта буд ва баргузоршавии ҷаласаи дуюми он дар шаҳри Душанбе нишонаи тавсиаи робитаҳои судбахши ду ҷониб арзёбӣ гардид.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо боз як сохтори нави ҳамкорӣ буда, дар қатори Шӯрои ҳамкории миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ва дигар сохторҳо дар таҳким ва тавсиаи муносиботи судманди ду ҷониб нақши намоён хоҳад гузошт.

Сарвари давлат изҳор дошт, ки «муносибот бо Иттиҳоди Аврупо дар миёни афзалиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми хос дорад».

 Гуфтугӯи судманд доир ба ҳамкории сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ сурат гирифт.

 Густариши ҳамкорӣ доир ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, демократия ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.

 Таваҷҷуҳи зиёд ба вусъати дастгирии моддию техникии соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳамчунин ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва ғайра бо ҷалби бахши хусусӣ зоҳир карда шуд.

Бо назардошти талаботи рӯзафзуни Афғонистону Покистон ва дигар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ба нерӯи барқ ва маҳсулоти гуногуни дигар таъкид гардид, ки иштирок дар фаъол намудани имкону захираҳои фаровони Тоҷикистон ба ҳар як сармоягузор манфиати зиёд меорад.

Ҳамчунин доир ба дастгирии сохторҳои қудратиии Тоҷикистон, аз ҷумла нерӯҳои сарҳадӣ барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир табодули назар карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.