Як қатор мулоқотҳои раиси ҲНИТ дар Маскав

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ зимни сафари кории худ ба шаҳри Маскав рӯзи 3-юми май як қатор мулоқотҳо анҷом дод. Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, дар меҳмонхонаи «Алфа» ҳангоми вохӯрӣ бо муҳоҷирону донишҷӯёни тоҷик М.Кабирӣ гуфт, ӯ низ чун ҳазорон муҳоҷирон хабари марги модарашро берун аз ватан дарёфта, дар маросими ҷанозаи […]

Аваз Юлдошев


Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ зимни сафари кории худ ба шаҳри Маскав рӯзи 3-юми май як қатор мулоқотҳо анҷом дод.

Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, дар меҳмонхонаи «Алфа» ҳангоми вохӯрӣ бо муҳоҷирону донишҷӯёни тоҷик М.Кабирӣ гуфт, ӯ низ чун ҳазорон муҳоҷирон хабари марги модарашро берун аз ватан дарёфта, дар маросими ҷанозаи ӯ иштирок карда натавонист.

«Марги модар ва ҳузур надоштани ман дар ҷанозаи он кас минбаъд маро ҳамчун пешвои ҳизби сиёсӣ ва вакили парлумон водор месозад, ки ба масъалаи фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ дар кишвар бештар кӯшиш ба харҷ диҳам, то ки шаҳрвандони Тоҷикистон имкон дошта бошанд, ки ҳамеша дар паҳлӯи волидайнашон бошанд, – изҳор доштааст раиси ҲНИТ. – Ман аз Шумо хоҳиш мекунам, ки падару модарони худро дӯст дореду ҳурматашонро ба ҷо оерд ва ба онҳо меҳрубону ғамхор бошед».

Ба иитилои манбаъ, М.Кабирӣ ба тамоми суолҳои ҳозирин оид ба мушкилоти муҳоҷират ва муносиботи Тоҷикистон бо ҳамсоякишварҳо посухи қаноатбахш гуфт.

Худи ҳамин рӯз М.Кабирӣ бо директори Пажуҳишгоҳи шарқшиносии Академияи улуми Русия Виталий Наумкин мулоқот орост. «Дар ин мулоқот олими рус нақши ҲНИТ дар барқарор кардани сулҳу субот дар Тоҷикистони пасоҷангиро арзанда арзёбӣ намуд», – афзуд манбаъ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.