Эмомалӣ Раҳмонро бо сафари расмӣ ба Белгия даъват карданд

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Муовини Сарвазир – Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Белгия Дидйе Рейндерс ва Вазири мудофиаи ин кишвар Питер де Кримро ба ҳузур пазируфт. Таврен аз хадамоти матбуцоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстона ва ҳамкории судбахши ду кишвар баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба се ҷанбаи ҳамкорӣ – ҳамгироӣ […]

ASIA-Plus


Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Муовини Сарвазир – Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Белгия Дидйе Рейндерс ва Вазири мудофиаи ин кишвар Питер де Кримро ба ҳузур пазируфт.

Таврен аз хадамоти матбуцоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстона ва ҳамкории судбахши ду кишвар баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба се ҷанбаи ҳамкорӣ – ҳамгироӣ барои барқарорсозии суботу эътидол дар Афғонистон, рушди ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ ва густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Белгия баррасӣ шуд.

«Мо Белгияро яке аз шарикони муҳими худ дар Иттиҳоди Аврупо медонем”, – изҳор дошт Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Муовини Сарвазир – Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Белгия Дидйе Рейндерс густариши муносиботро бо Тоҷикистон бисёр муҳим номида, аз номи Ҳукумати кишвараш аз Сарвари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки ба Брюсел бо сафари расмӣ ташриф барад.

Ба роҳбарият ва мардуми Тоҷикистон барои мусоидати фаъол ба нерӯҳои посдори сулҳ дар Афғонистон изҳори сипос карда шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Белгия, аз ҷумла татбиқи амалии санадҳое, ки моҳи феврали соли 2009 зимни сафари расмии Президенти Чумҳурии Тоҷикистон дар Брюсел ба имзо расида буданд, зоҳир карда шуд.

Ташкил ва густариши ҳамкории васеи иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо назардошти бозори кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ дорои дурнамои судбахш барои ҳарду ҷониб номида шуд.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба рушди ҳамгироӣ дар таъмини амнияту суботи минтақавӣ ва мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.