Оғози ҷаласаи Кумитаи ҳамкории байнипарумонии ИА ва Тоҷикистон

Дар остонаи ифтитоҳи ҷаласаи дуюми Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, ки нимаи дуюми имрӯз дар Душанбе ба кор оғоз мекунад, раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров гурӯҳи вакилони парлумони Аврупо таҳти сарварии Пауло Берталотсиро ба ҳузур пазируфт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, […]

Аваз Юлдошев


Дар остонаи ифтитоҳи ҷаласаи дуюми Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, ки нимаи дуюми имрӯз дар Душанбе ба кор оғоз мекунад, раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров гурӯҳи вакилони парлумони Аврупо таҳти сарварии Пауло Берталотсиро ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар оғози мулоқот Ш.Зуҳуров қайд кард, ки ҳарчанд миёни парлумонҳои Аврупову Тоҷикистон мутаносибан робитаҳои қавӣ пойдор шуда бошанд ҳам, чунин ҳайати бонуфузи Парлумони Аврупо бори нахуст аз Тоҷикистон боздид мекунад.

«Ман боварӣ дорам, ки натиҷаҳои сафари ҳайати вакилони парлумони Аврупо ба кишвари мо ба рушди муносибатҳои дуҷониба такони ҷиддӣ мебахшанд», – гуфт ӯ.

Шукурҷон Зуҳуров ба меҳмонон дар бораи фаъолияти парлумони кунунии Тоҷикистон маълумоти муассал дода, таъкид кард, ки айни замон дар парлумон ба роҳандозии ислоҳот дар бахшҳои рушди демократия дар ҷомеа, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои инсон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, дар ин росто омӯзиши таҷрибаи парлумони Аврупо аз манфиат холӣ нест.

Дар навбати худ, Пауло Берталотси изҳор кард, ки дар парлумони Аврупо аз ин дастовардҳои Тоҷикистон дар бахшҳои зикршуда ба хубӣ огоҳанд ва ба ҳамкории дуҷониба бо Тоҷикистон дар ҳама гуна масоил изҳори омодагӣ кард.

Дар робита ба масъалаи мушкилоти мавҷуда дар минтақаи Осиёи Марказӣ оид ба масоили гуногун, вакили парлумони Аврупо гуфт, «тамоми мухолифат бояд тавассути муколама ҳал шаванд».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.