Эмомалӣ Раҳмон президенти тозаинтихоби Фаронсаро табрик гуфт

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон президенти тозаинтихоби Фаронса Франсуа Жерар Жорж Олландро ба муноссибатми ба маснади президентӣ соҳиб шуданаш табрик гуфт. Дар табрикнома аз ҷумла омадааст:  «Ҷаноби Олӣ,  Дар иртибот ба пирӯзиатон дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Франсия сарфарозам ба Шумо табрикоти самимона ва таманниёти неки хешро бифиристам.  Ҷониби Тоҷикистон маҷмӯи ҳамкориҳои босамари дуҷонибаро бо кишвари […]

ASIA-Plus


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон президенти тозаинтихоби Фаронса Франсуа Жерар Жорж Олландро ба муноссибатми ба маснади президентӣ соҳиб шуданаш табрик гуфт.

Дар табрикнома аз ҷумла омадааст:

 «Ҷаноби Олӣ,

 Дар иртибот ба пирӯзиатон дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Франсия сарфарозам ба Шумо табрикоти самимона ва таманниёти неки хешро бифиристам.

 Ҷониби Тоҷикистон маҷмӯи ҳамкориҳои босамари дуҷонибаро бо кишвари дӯсти Франсия самти муҳими сиёсати хориҷии худ медонад.

 Боиси қаноатмандист, ки бар асари саъю кӯшишҳои муштараки доимӣ имрӯз байни кишварҳои мо дар арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн ҳамёрии созанда ба роҳ монда шудааст ва онҳо рӯ ба густариши бемайлон ниҳодаанд.

 Мо ба ояндаи неки муносибатҳои гуногунҷанбаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Франсия бовар дорем ва умедворем, ки дар давраи сарварии Шумо аз Франсия равобити ҳасана ва ҳамкориҳои мутақабилан судманди байни кишварҳоямон ба марҳилаи ҷадиди тавсеаи худ ворид хоҳанд шуд.

 Бо изҳори омодагии хеш ҷиҳати саъйю талошҳои муштарак дар ин самт, ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комилу пирӯзиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Франсия хушбахтиву шукуфоии рӯзафзун таманно дорам». Дар ин бора аз хадамоти матбуои сарвари давлат хабар доданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.