Тоҷикистон як қатор созишномаҳо дар доираи ИДМ ва СААД-ро тасдиқ кард

Имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ вакилон «Созишнома дар бораи тартиби ташкил ва фаъолияти навбатдорӣ оид ба дифои зиддиҳавоии кишварҳои узви ИДМ зимни қабули маълумот дар бораи ғасб (рабудан)-и ҳавопаймо»-ро, ки дар нишасти Душанбе моҳи сентябри соли 2011 ба имзо расида буд, якдилона тасдиқ карданд. Зимни маърӯза дар назди вакилони парлумон […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ вакилон «Созишнома дар бораи тартиби ташкил ва фаъолияти навбатдорӣ оид ба дифои зиддиҳавоии кишварҳои узви ИДМ зимни қабули маълумот дар бораи ғасб (рабудан)-и ҳавопаймо»-ро, ки дар нишасти Душанбе моҳи сентябри соли 2011 ба имзо расида буд, якдилона тасдиқ карданд.

Зимни маърӯза дар назди вакилони парлумон оид ба ин масъала муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Сӯҳроб Маҳмадов изҳор кард, ки тасдиқи санади мазкур ба тақвияти мубориза алайҳи терроризми байнулмилалӣ дар паҳнои иттиҳод мусоидат хоҳад намуд.

Ғайр аз ин, вакилон бидуни баррасӣ даҳ созишномаву протоколҳои дар чаҳорчӯби Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баимзорасидаро низ тасдиқ карданд.

Ба андешаи раиси Кумитаи парлумон оид ба мудофиа ва амният Амирқул Азимов, тасдиқи созишномаҳое дар чаҳорчӯби СААД, аз қабили «Созишнома дар бораи тартиби ташкил ва фаъолияти қувва ва воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъии СААД», «Созишнома дар бораи мақоми ташаккули қувваю воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъии СААД», «Созишнома оид ба принсипҳои умумии ташкили иттиҳодияҳои илмии истеҳсолии байнидавлатӣ дар СААД оид ба истеҳсоли маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ» ва ғайра метавонанд ба таҳкими қобилияти мудофиавии кишварҳои узви СААД мусоидат намоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.