Дар Душанбе рӯзномаи ҷаласаи навбатии АБП ЕвразЭС баррасӣ шуд

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев котиби масъули Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (АБП ЕврАзЭС) Пётр Зверевро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Шавкат Саидов хабар дод, зимни мулоқот масоили омодагӣ ва рӯзномаи ҷаласаи навбатии АБП-и Иттиҳоди иқтисодии […]

Аваз Юлдошев


Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев котиби масъули Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (АБП ЕврАзЭС) Пётр Зверевро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Шавкат Саидов хабар дод, зимни мулоқот масоили омодагӣ ва рӯзномаи ҷаласаи навбатии АБП-и Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки рӯзи 16-уми майи соли равон дар шаҳри Санкт-Петербург доир мегардад, баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ кардаанд, ки фаъолияти Ассамблеяи байнипарлумонии иттиҳод ба рушди минбаъдаи муносибот миёни аъзои ин созмони бонуфуз мусоидат хоҳад кард.

Ба иттилои манбаъ, дар кори ҷаласаи навбатии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти сарварии раиси палатаи болоиии парлумони кишвар Маҳмадсаид Убайдуллоев ширкат хоҳад варзид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.