Тоҷикистон ба содироти 700 МВт барқ ба Афғонистон омода аст

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай мулоқот намуд. Тавре аз адамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуд. «Мо ҳамеша аз мавқеи кишвари дӯст дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ пуштибонӣ менамоем», – таъкид дошт Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон […]

ASIA-Plus


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай мулоқот намуд.

Тавре аз адамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуд.

«Мо ҳамеша аз мавқеи кишвари дӯст дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ пуштибонӣ менамоем», – таъкид дошт Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва изҳори боварӣ намуд, ки «ба Афғонистон мақоми давлати нозири Созмони ҳамкории Шанхай дода мешавад».

Сарони ду давлати ҳамсоя барои татбиқи босамари лоиҳаҳои дар ҷараёни Конфронси душанбегии РЕККА пешниҳодшуда ҳамкории ҳамоҳанги Тоҷикистону Афғонистон ва кишварҳою созмонҳои мададрасонро зарур шумурданд. Тавре зикр гардид, лоиҳаҳои сохтмони роҳи оҳан аз Тоҷикистон ба самтҳои гуногуни Афғонистон ва то сарҳади Покистон ва кашидани хаттҳои интиқоли барқи 500-киловатаи Сангтӯда – Пули Хумрӣ ва КАСА-1000 аз ҷумлаи онҳоянд.

Чунонки иттилоъ дода шуд, Тоҷикистон имсол омода аст ба Афғонистон тавассути хатти 220-киловолтаи Сангтӯда – Қундуз – Пули Хумрӣ ҳудуди 700 мегаватт нерӯи барқ содир намояд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай аз болоравии босуръати ҳаҷми тиҷорати мутақобила ва имконоти транзитии ду кишвар изҳори хушнудӣ карда, ҳавасмандии худро ба рушди минбаъдаи робитаҳои судбахш, аз ҷумла тавассути ифтитоҳи гузаргоҳҳои нави сарҳадӣ, таъкид намуданд.  

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба тавсиаи бештари заминаи қарордодӣ-ҳуқуқии ҳамкорӣ ва тақвияти ҳамгироии миёни сохторҳои низомию амниятии ду кишвар сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.