Тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Украина

Дар мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо ҳайати парлумонии Радаи Олии Ҷумҳурии Украина, аъзои гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ таҳти роҳбарии Павел Унгурян масъалаи тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар доданд, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон […]

ASIA-Plus


Дар мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо ҳайати парлумонии Радаи Олии Ҷумҳурии Украина, аъзои гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ таҳти роҳбарии Павел Унгурян масъалаи тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар доданд, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташрифи ҳайати парлумони Украина ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистонро фоли нек арзёбӣ намуда, ин бозидро барои густариши муносиботи байнипарлумонии ду кишвар муҳим унвон кард.

Шукурҷон Зуҳуров бо ишора ба равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Украина таъкид кард, ки миёни Радаи Олии Украина ва Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ фаъолият дорад ва амал намудани чунин гурӯҳҳо барои ривоҷу равнақ ёфтани ҳамкориҳои мо шароити мусоидро фароҳам меорад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи муносиботи байрипарлумонии ду кишварро нокофӣ хонда, ҳамзамон изҳор дошт, ки ҳарду ҷониб бояд аз имконот ва зарфиятҳои мавҷуда ҷиҳати таҳкими ин муносибот самаранок истифода намоянд. «Ҳамкориҳои байнипарлумонии мо танҳо дар доираи Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар сохторҳои байналмилалии байнипарлумонӣ маҳдуд шудааст»,- гуфт Шукурҷон Зуҳуров ва илова намуд, ки муносиботи мо бояд дар сатҳи дуҷониба бештар ривоҷу равнақ ёбад, боздидҳои ҳайатҳои парлумонии Тоҷикистону Украина аз кишварҳои якдигар, омӯзиш ва истифода аз таҷрибаи қонунофарии парлумонҳои ҳамдигар метавонанд ба рушди ҳамкориҳои байнипарлумонии ҷумҳуриҳои мо кӯмак кунанд.

Шукурҷон Зуҳуров дар идомаи сӯҳбат изҳор дошт, ки тақвияти муносиботи байнипарлумонӣ миёни кишварҳои мо омили муҳими густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои дигари ҷомеаи Тоҷикистон ва Украина метавонад бошад, аз ин рӯ ин ҳамкориҳо бояд ҳарчи бештар тақвият ёбанд, то фазои ҳуқуқиву қонунӣ барои инкишофи дигар бахшҳо боз ҳам бештар гардад.

Роҳбари ҳайати парлумонии Радаи Олии Ҷумҳурии Украина Павел Унгурян барои пазироии самимона ба Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, изҳор дошт, ки парлумони кишвараш омода аст, ҳамкориҳои худро бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон густариш диҳад.

Мавсуф таъкид кард, ки таҳкими муносиботи байнипарлумонии Украина ва Тоҷикистон ба манфиати ҳарду ҷониб буда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди ҳамкорӣ заминаи боэътимод эҷод мекунад.  

Дар мулоқот дигар мавзӯоти мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо баррасӣ шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.