Монеагузориҳои ҳукуматдорон ба чорабиниҳои ҲНИТ

Ҳукуматдорони маҳаллии ноҳияҳои вилояти Хатлон ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар баргузории чорабиниҳо ба ифтихори таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ монеа эҷод месозанд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ҳизб Маҳмадалӣ Ҳайит хабар дод. Ӯ мегӯяд, як чорабинии бахшиҲНИТ дар ноҳияи Қумсангир, ки ахири ҳафтаи гузашта бояд баргузор мешуд, ба иллати аз ҷониби ҳукуматдорони […]

Аваз Юлдошев


Ҳукуматдорони маҳаллии ноҳияҳои вилояти Хатлон ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар баргузории чорабиниҳо ба ифтихори таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ монеа эҷод месозанд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ҳизб Маҳмадалӣ Ҳайит хабар дод.

Ӯ мегӯяд, як чорабинии бахшиҲНИТ дар ноҳияи Қумсангир, ки ахири ҳафтаи гузашта бояд баргузор мешуд, ба иллати аз ҷониби ҳукуматдорони ноҳия иҷозат надодани баргузории он дар Хонаи фарҳанг, доир нагардидааст.

Ҳукуматдорони маҳаллӣ ин қарори худро чунин шарҳ додаанд, ки биноҳои мутаалиқ ба давлат наметавонанд аз ҷониби аҳзоби сиёсӣ барои доир кардани чорабиниву аксияҳо истифода шаванд.

«Масъулони бахши ҳизб дар ин ноҳия мегуянд, ки монеаэҷодкунии мақомоти маҳаллӣ маҳз як соат пеш аз ифтитоҳи ҷашн сурат гирифтааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфти масъулони ҳизб, ин ҳизб расиди бонкӣ (квитансия) барои иҷорапулии хонаи фарҳангиро пардохт карда, саҳнаро бо овезаҳо ва шиорҳо ба муносибати Оштии миллӣ оро дода буданд. Ғайр аз ин, баргузории чорабинӣ бо раиси ноҳия Холмурод Раҳмонов низ мувофиқа шуда буд», – гуфт муовини раиси ҲНИТ.

Ба қавли Маҳмадалии Ҳайит, дар ноҳияи Данғара низ ба ҲНИТ ҷиҳати баргузории чорабинӣ ба муносибати таҷлили ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ иҷозат надодаанд.

«Ин дафъа баҳона он буд, ки бахши ҳизб дар ноҳияи Данғара дар мақомоти андоз ҳамчун андозсупоранда ба қайд гирифта нашудааст», – зикр кард муовини раиси ҳизб.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.