Таваҷҷуҳи ИМА ба рушди фаъолияти МОИ дар Тоҷикистон

Date:


Ҳафтаи гузашта зимни мулоқоти намояндагони ҳукумати ИМА бо мақомоти раҳбарии минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муовини директори Дафтари дипломатияи ҷамъиятии Осиёи Ҷанубӣ ва Марказии Департаменти давлатии ИМА Никол Чулик изҳор кард, ки ИМА ба рушди савдо ва транзит дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон манфиатдор аст.

Никол Чулик иброз дошт, ки аз фаъолияти минтақаҳои озодии иқтисодии Тоҷикистон, лоиҳаҳои мавриди татбиқ қарордошта дар онҳо, тадбирҳои беҳбуди идоракунӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба ин минтақаҳо ба хубӣ огаҳӣ дорад.

Дар навбати худ, роҳбари минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» Анвар Яқубов зикр кард, ки дар қаламрави минтақа таъсиси маркази маърифтаӣ барои дастгирии тиҷорат дар назар аст ва ҷалби ширкатҳои амрикоӣ дар амалисозии ин лоиҳа мувофиқи мақсад аст.

Ӯ аз меҳмонон дархост намуд, ки ба ҷалби фаъолонаи кормандони ширкатҳои амрикоӣ баҳри иштирок дар барномаҳои сафорати ИМА дар Тоҷикистон ва роҳандозии робитаҳо бо ташкилотҳои ихтиёрии ИМА дар кори дастгирии мураббиён барои тоҷирони ҷавон мусоидат кунанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...