Мутобиқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе 16 ярмаркаҳои мактабӣ ба фаъолият оғоз мекунанд, ки кори онҳо то 20-уми сентябр идома хоҳад ёфт.
Ба гуфтаи котиби матбуоти раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, фурӯшгоҳҳои ярмарка бо истифода аз конструксияҳои ҷамъшаванда аз масолеҳи сабук сохта шуда, дар он сарулибос барои толибилмон ва асбобу лавзимоти хониш ба фурӯш бароварда мешаванд. Фаъолияти ярмарка мунтазам таҳти назорати хадамотҳои оташнишонӣ, санитарӣ-эпидемиологӣ ва ҳифзи муҳити зист қарор хоҳад гирифт.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз ярмаркаҳои мактабӣ дар қаламрави ноҳияи Сино – дар назди Филармонияи давлатӣ, бозори «Деҳқон», «Зарафшон» ва дар микрорайонҳои 32 ва 102; дар ноҳияи Фирдавсӣ – дар назди марказҳои савдои «Ганҷина» ва «Панҷшер», бозори «Корвон» (2) ва кӯчаи Маяковский; дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ – дар назди маркази савдои «Ҷаҳони кӯдакон» (Детский мир), бозори «Варзоб» ва маркази хизматгузории «Пойтахт» ва дар ноҳияи Шоҳмансур – дар назди мағозаи «Олами китоб» , бозорҳои «Маршал» ва «Авиатор» ба фаъолият шурӯъ мекунанд.