Зойиров: Мавқеи Русия оид ба Иттиҳоди гумрукиро дастгирӣ мебояд

spot_imgspot_img

Дата:


Раиси ТҶ «Консорсиуми юридикии Тоҷикистон» ва пешвои Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров бар ин назар аст, ки мавқеи Русия оид ба таъсиси Иттиҳоди гумрукӣ дастгирии ҳамаҷониба аз сӯйи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро тақозо дорад.

«Русия бо ин иқдом рушди иқтисод дар давраи дарозмуҳлатро дар назар дорад ва ӯро дастгирӣ мебояд, зеро ин нияти Русия ба манфиатҳои миллии тамоми кишварҳои узви ИДМ ҷавобгӯ аст», – изҳор кард ӯ дар ҷараёни кори мизи гирд таҳти унвони «Иттиҳоди гумрукӣ ва Тоҷикистон: дурнамои нави ҳамгиройӣ» дар Душанбе.

Ӯ бо андешаи аз таъсиси ин итттиҳод манфиат ба даст овардани Русия розӣ набуда, чунин ибрози назар намуд, ки муддати чанд соли фаъолияти Иттиҳоди гумрукӣ Русия ҳеҷ нафъе ба даст наоварда, танҳо маблағҳои муайяни молиявӣ масраф намуд.

Раиси ҲУСДТ мутмаин аст, ки Иттиҳоди гумрукӣ имрӯз барои иқтисод ва оянда баҳри рушди иқтисодиву ҳуқуқии кишвар зарур аст.

Ҳуқуқшинос ҳамчунин гуфт, барои узвият ба Иттиҳоди гумрукӣ ҳукуматдорони Тоҷикистонро зарур аст, тафовут миёни Кодекси гумруки Тоҷикистон ва Кодекси Иттиҳоди гумрукиро бартараф созанд, зеро «60%-и меъёрҳои ин кодексҳо ба ҳамдигар мутобиқат надоранд».

«Агар Тоҷикистон дарвоқеъ ҳам ҷонибдори узвият ба Иттиҳоди гумрукӣ бошад, пас мебояд қонунгузории кишварро ба талаботи ин иттиҳод мутобиқ кард ва инро то узвият ба иттиҳод мебояд анҷом дод, зеро пас аз ба узвият пазируфта шудан, кори зиёдтаре талаб карда мешавад», – афзуд Р.Зойиров.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...