Ҳушдори Русия ба Тоҷикистон оид ба камбуди имконпазири бензин

Вазорати энергетикаи Русия дар як нома ба Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Тоҷикистонро дар бораи ба вуҷуд омадани вазъи имконпазири камбуди бензин огоҳ кардааст, зеро таъмири нақшавии 45-рӯза дар як қатор корхонаҳои коркарди нафти ин кишвар метавонад ба коҳиши содироти маводи сӯзишворӣ ба хориҷи мамлакат боис гардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти […]


Вазорати энергетикаи Русия дар як нома ба Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Тоҷикистонро дар бораи ба вуҷуд омадани вазъи имконпазири камбуди бензин огоҳ кардааст, зеро таъмири нақшавии 45-рӯза дар як қатор корхонаҳои коркарди нафти ин кишвар метавонад ба коҳиши содироти маводи сӯзишворӣ ба хориҷи мамлакат боис гардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти дахлдори Тоҷикистон хабар дод, ин ҷо сухан сари маърӯзаи вазири энергетикаи Русия дар ҷаласаи комиссияи ҳукуматӣ оид ба комплексӣ маводи сӯзишворӣ ва энергетикӣ меравад, ки дар он ӯ изҳор кардааст, ки дар кишвар бинобар афзоиши талабот ба маводи сӯзишворӣ ва боздоштани фаъолияти як қатор корхонаҳои коркарди нафт ба иллати таъмир, метавонад вазъи камбуди бензин ба вуҷуд ояд.

«Аммо мо бовар дорем, ки ин камбуд ба мо таъсиргузор нахоҳад буд, зеро дар миқёси Русия Тоҷикистон аз ин кишвар ба андозаи начандон зиёд маводи сӯзишворӣ дастрас мекунад. Ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон бензин ва дигар навъи маводи сӯзишвориро ба таври кофӣ захира намуда, бозорро муътадилу устувор нигоҳ хоҳанд дошт», – гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои ВАО-и Русия бо такя ба маълумоти Вазорати энергетикаи ин кишвар, дар моҳҳои октябр ва ноябр камбуди бензин дар Русия 400 ҳазор тонна ё худ 15% аз истеъмоли моҳонаи Русия арзёбӣ мешавад.

Вазорати энергетикаи Русия дастур додааст, ки дар ин давра ширкатҳои коркарди маҳсулоти нафтӣ бояд ҳаҷми содироти бензинро бо шумули таъмини нуқтаҳои фурӯши худ ба хориҷи кишвар коҳиш диҳанд, аммо ширкатҳои бузург гуфтаанд, ба камбуди маводи сӯзишворӣ роҳ нахоҳанд дод.

Бино ба маълумоти Агентии омори Русия шурӯъ аз оғози сол қимати бензин дар кишвар ба андозаи 3,2% боло рафтааст. Дар шаҳри Душанбе бошад, тайи ду ҳафтаи ахир, қимати бензин тағйир наёфта, дар сатҳи 6,5 сомонӣ (1,5$) барои як литр бензини навъи АИ-92 ва 6,70 сомонӣ (1,7$) барои як литр бензини навъи АИ-95 боқӣ мондааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.