Дар вилояти Ботканди Қирғизистон ба гумони даст доштан дар қочоқи сӯзишвории дизелӣ шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шуданд. Дар ин бора бо такя ба сарчашма дар ВКД хабаргузории КирТАГ-и Қирғизистон иттилоъ медиҳад.
«Зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯии кормандони милиса дар яке аз роҳҳои самти Тоҷикистон ду автомашинаи тамғаи «ЗИЛ-130» боздошт гардида, зимни санҷиш маълум шудааст, ки ронандагон барои ҳамлу нақли 14,4 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ ҳуҷчатҳои дахлдор надоранд», – гуфта мешавад дар хабар.
Зикр мегардад, ки айни замон аз рӯйи далели қочоқи сӯзишвории дизелӣ тафтишот ҷараёндорад.
Ҳамчунин хабаргузории CA-NEWS иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамин вилоят, дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ду автомашинаи боркаше боздошт шудаанд, ки бо 47 тонна семент ба Тоҷикистон раҳсипор будаанд. «Зимни санҷиши ҳуҷҷатҳои онҳо низ маълум шудааст, ки онҳо бидуни ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бор ба сафар баромадаанд», – хабар медиҳад манбаъ.
Аз рӯйи ин далел сокини 33-солаи деҳаи Орто-Сой Т.Т. ва сокини 43-солаи деҳаи Тош-Тумшуқ Т.Т. боздошт шуда, тафтишот идома дорад.



