Баррасии дурнамои ҳамкориҳо дар вохӯрии доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Русия

Имрӯз дар ҳошияи сафари президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон дар Душанбе вохӯрии доираҳои тиҷоратии ҳарду кишвар баргузор мешавад. Вохӯрӣ дар маҷмаии «Душанбе-Плаза»-и пойтахт доир гардида, аз ҷониби Шӯрои ҳамоҳангсози ассотсиатсияҳои тиҷоратӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъияии Тоҷикистон созмон дода шудааст. Созмондиҳандагони чорабинӣ зикр мекунанд, ки баррасии дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи доираи тиҷоратии кишварҳо, ҷалби бештари сармоягузории Русия […]


Имрӯз дар ҳошияи сафари президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон дар Душанбе вохӯрии доираҳои тиҷоратии ҳарду кишвар баргузор мешавад.

Вохӯрӣ дар маҷмаии «Душанбе-Плаза»-и пойтахт доир гардида, аз ҷониби Шӯрои ҳамоҳангсози ассотсиатсияҳои тиҷоратӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъияии Тоҷикистон созмон дода шудааст.

Созмондиҳандагони чорабинӣ зикр мекунанд, ки баррасии дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи доираи тиҷоратии кишварҳо, ҷалби бештари сармоягузории Русия ба иқтисоди Тоҷикистон барои амалисозии лоиҳаҳои муштарак ва баррасии масъалаи узвияти имконпазири Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумпукӣ аз ҳадафҳои аслии вохӯрӣ мебошанд.

Ёдрас мекунем, ки президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Нимаи имрӯз дар маҷмаии «Кохи миллат» нахуст гуфтушуниди танҳо ба танҳои сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия ва сипас ҷаласаи васеъ бо иштироки ҳайатҳои ҳарду ҷониб доир мегардад.

Бино ба маълумоти хадамотиматбуоти сарвари давлат, зимни гуфтушуниди созанда маҷмӯи васеи масоили сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, энергетикӣ, фарҳангӣ, амниятӣ ва ҳарбию техникӣ баррасӣ хоҳад шуд. Пас аз музокирот ба имзо расидани як зумра санадҳои муҳим доир ба рушди ҳамкории минбаъдаи ду шарики стратегӣ дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.