Дархости мири Ботканд аз президенти Тоҷикистон бобати озод кардани вакили қирғиз

Раиси шаҳри Ботканди Қирғизистон аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дархост намудааст, ки ба озодии вакили қирғиз Икром Сиддиқов аз тавқифгоҳ мусоидат кунад. Бино ба иттилои ВАО-и Қирғизистон, вакилон ва раиси шаҳри Ботканд ба Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намуд, аз ӯ дархост кардаанд, ки ба озодии вакил Икром Сиддиқов аз тавқифгоҳи тафтишотии № 2-и шаҳри Хуҷанд мусоидат […]


Раиси шаҳри Ботканди Қирғизистон аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дархост намудааст, ки ба озодии вакили қирғиз Икром Сиддиқов аз тавқифгоҳ мусоидат кунад.

Бино ба иттилои ВАО-и Қирғизистон, вакилон ва раиси шаҳри Ботканд ба Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намуд, аз ӯ дархост кардаанд, ки ба озодии вакил Икром Сиддиқов аз тавқифгоҳи тафтишотии № 2-и шаҳри Хуҷанд мусоидат намояд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 20-уми июни соли равон дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Исфараи виояти Суғд кормандони милиса автомашина таҳти идораи шаҳрванди Қирғизистон Манасбек Нодировро боздошт намуданд. Ҳангоми азназаргузаронии автомашина аз дохили он як миқдор маводи кимиёвии зарарнок – симоб дарёфт гардид, ки вазни он 90,5 килоро ташкил дод. Боз ду нафар шаҳрвандони Қирғизистон – Икром Сиддиқов ва Чингиз Абдураҳмонов ва ҳамчунин шаҳрванди Тоҷикистон – Ёқубхӯҷа Ҳомидов низ ҳамроҳи ронанда дар дохили ин автомашина қарор доштанд.

Аз рӯйи ин далел дар прокуратураи шаҳри Исфара нисбат ба боздоштшудагон мутобиқи моддаи 206, қ. 3 (Муомилоти ғайриқонунии моддаҳои  сахттаъсир  ё заҳролуд бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) ва 289, қ. 2 (Қочоқ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Пас аз чанд рӯз бинобар сабаби мавҷуд набудани далел нисбат ба ронанда, ӯ озод гардид.

Пас аз боздошти шаҳрвандони Қирғизистон сокинони ноҳияи наздимарзии кишвари ҳамсоя чанде аз шаҳрвандони Тоҷикистонро гаравгон гирифта, озод кардани боздоштшудагонро талаб намуда буданд.

Ахири моҳи сентябр  мурофиаи судии боздоштшудагон оғоз гардид, вале дар робита ба таъини ташхиси судиву кимиёвӣ он дарҳол мавқуф гузошта шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.