Ташрифи намояндаи минтақавии Раёсати СММ ба Душанбе

Намояндаи минтақавии тозатаъини Раёсати СММ оид ба мухаддирот ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ Александр Сичёв рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи равон бо сафари кории нахустин ба Тоҷикистон меояд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, дар ҷараёни сафар А.Сичёв бо чанде аз роҳбарони вазорату идораҳои ҶТ, созмонҳои байнулмилии СММ дар […]


Намояндаи минтақавии тозатаъини Раёсати СММ оид ба мухаддирот ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ Александр Сичёв рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи равон бо сафари кории нахустин ба Тоҷикистон меояд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, дар ҷараёни сафар А.Сичёв бо чанде аз роҳбарони вазорату идораҳои ҶТ, созмонҳои байнулмилии СММ дар Душанбе, намояндагони сафоратхонаҳои Ҷопону ИМА дар Тоҷикистон ва ҳамчунин директори АНМН генерал-лейтенати милиса Рустам Назаров дидору гуфтушунид хоҳад кард.

Гуфта мешавад, дар мулоқоту гуфтушунидҳо баррасии дурнамои ҳамкориҳо дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар назар аст. Ин сафари аввалини кори А.Сичёв ба ҳайси Намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба мухаддирот ва ҷинояткорӣ мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.