Манъи навбатии Вазорати маориф барои донишҷӯён

Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба мақомоти раҳбарии макотиби олӣ супориш додааст, ки аз ширкати донишҷӯён дар чорабиниҳои маърифатии созмонҳои байнулмилалӣ пешгирӣ карда шавад. Дар супориш таҳти №05/2-414 аз 8-уми октябри соли равон, ки ба идораи ОИ «Азия-Плюс» дастрас гардид, вазорат мақомоти раҳбарии макотиби олиро огаҳ месозад, ки баргузории конфронсу семинар ва дигар чорабиниҳо бо иштироки донишҷӯён […]


Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба мақомоти раҳбарии макотиби олӣ супориш додааст, ки аз ширкати донишҷӯён дар чорабиниҳои маърифатии созмонҳои байнулмилалӣ пешгирӣ карда шавад.

Дар супориш таҳти №05/2-414 аз 8-уми октябри соли равон, ки ба идораи ОИ «Азия-Плюс» дастрас гардид, вазорат мақомоти раҳбарии макотиби олиро огаҳ месозад, ки баргузории конфронсу семинар ва дигар чорабиниҳо бо иштироки донишҷӯён аз ҷониби созмонҳои байнулмилалӣ ба қонунгузории ҶТ мухолиф аст.

«Аз ин рӯ, ба шумо супориш дода мешавад, ки ин масъаларо таҳти назорат қарор дода, бобати пешгирии иштироки донишҷӯён дар чорабиниҳои зикршуда чораҳои мушаххас андешед», – зикр мегардад дар супориш, ки аз ҷониби муовини аввали вазири маорифи ҶТ Фарҳод Раҳимов ба имзо расидааст.

Сардори шуъбаи умумии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Назирбӣ Ғаниева тасдиқ кард, ки ин супоришро онҳо гирифта ва дар ин маврид аллакай чораҳо андешида мешаванд.

Декани факултаи ҳуқуқшиносии яке аз мактабҳои олии вилояти Суғд Ш.Кенҷаев ба роҳбарони гурӯҳҳо супориш додааст, ки ин супориши Вазорати маориф баррасӣ шуда, барои пешгирии иштироки донишҷӯён дар ин гуна чорабиниҳо тадбирҳо андешида шаванд.

Дар робита ба масъалаи дахл доштани ин супориш ба ҳаракатҳои ихтиёриён ё иштироки ҷавонон дар лагерҳои тобистона ОИ «Азия-Плюс» кӯшиш ба харҷ дод, ки аз Вазорати маориф шарҳу тавзеҳ дастрас намояд, вале маълум шуд, ки вазир ва муовинони ӯ дар сафари хидматӣ қарор доштаанд.

Яке аз намояндагони Ташкилоти ғайридавлатии маҳаллӣ, ки нахост номаш ифшо гардад, изҳор кард, ки ин иқдом комилан мухолифи қонунгузорӣ буда, ба фаъолияти бахши шаҳрвандӣ дар соҳаи маориф таъсири манфӣ хоҳад расонид, зеро тамоми чорабиниҳои маърифатиро созмонҳои ҷамъиятӣ бо маблағгузориву дастгирии техникӣ ва бо иштироки коршиносони байнулмилалӣ баргузор мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.