Омӯзиши лоиҳаи таҷдиди нерӯгоҳи «Норак» аз ҷониби БАОР

Дар ҳошияи маҷлиси солонаи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байнулмилалии асъор дар пойтахти Ҷопон вохӯрии вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов бо раиси Раёсати Бонки авруосиёёи рушд (БАОР) Игор Финогенов доир гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БАОР, зимни мулоқот И.Финогенов изҳор кардааст, ки БАОР ба роҳандозии фаъолияти бузургмиқёс дар Тоҷикистон омода буда, дар истифодаи ҳарчи бештар […]


Дар ҳошияи маҷлиси солонаи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байнулмилалии асъор дар пойтахти Ҷопон вохӯрии вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов бо раиси Раёсати Бонки авруосиёёи рушд (БАОР) Игор Финогенов доир гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БАОР, зимни мулоқот И.Финогенов изҳор кардааст, ки БАОР ба роҳандозии фаъолияти бузургмиқёс дар Тоҷикистон омода буда, дар истифодаи ҳарчи бештар густардаи имконоти бонк дар ҷумҳурӣ бо дастгирии ҳукумат манфиатдор аст.

Аз ҷумла, ӯ зикр кардааст, ки БАОР лоиҳаҳои таҷдиди нерӯгоҳи «Норак» ва шабакаҳои обёрӣ дар қисмати тоҷикистонии водии Фарғонаро мавриди омӯзиш қарор додааст.

Бонки авруосиёии рушд соли 2006 аз ҷониби Русияву Қазоқистон бо мақсади мусоидат ба рушди иқтисоди бозаргонии кишварҳои узв, рушди устувори иқтисодии онҳо ва тавсеаи робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ таъсис дода шудааст. Ҳаҷми сармояи оинномавии БАОР зиёда аз 1,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода, Арманистону Белорус, Қазоқистону Қирғизистон ва Русияву Тоҷикистон аъзои он мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.