Афзоиши ҳосилнокии гандум дар Тоҷикистон

Хоҷагиҳои деҳқонии давлатии Тоҷикистон 642,4 ҳазор тонна ҳосили зироати ғалладона ҷамъоварӣ намуданд, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 113 тонна бештар аст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, аз ҳаҷми умумии ҳосили зироати ғалладона 506,1 ҳазор тоннашаро гандум ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 68,6 […]


Хоҷагиҳои деҳқонии давлатии Тоҷикистон 642,4 ҳазор тонна ҳосили зироати ғалладона ҷамъоварӣ намуданд, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 113 тонна бештар аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, аз ҳаҷми умумии ҳосили зироати ғалладона 506,1 ҳазор тоннашаро гандум ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 68,6 тонна зиёдтар мебошад.

«Соли равон ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар ба таври назаррас зиёд шуд. Масалан, ҳосилнокии зироати ғалладона аз ҳар як гектар ба ҳисоби миёна 24,4 сентнер ва гандум 25,2 сентнерро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 3 сентнерӣ зиёд аст», – гуфтанд дар Вазорати кишоварзӣ.

Дар робита ба нақшаи имсолаи ҷамъоварии ҳосили зироати ғалладона ва гандум дар Вазорат аз эҳтимол дур намедонанд, ки нисбат ба соли гузашта ҳосили зироати ғалладона 100 ҳазор тонна ва гандум 200 ҳазор тонна зиёдтар шавад.

«Соли равон дар заминҳои лалмии минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ боришот кифоя буд ва аз ин рӯ, мо аз афзоиши ҳосили гандум интизорӣ дорем. Ғайр аз ин, ба афзоиши ҳосилнокӣ ҳамчунин тухмиҳои хушсифати аз кишвари Краснодари Русия воридгардида низ мусоидат менамоянд», – гуфт манбаъ.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта кишоварзони тоҷик беш аз 1 млн. тонна ҳосили зироати ғалладона ҷамъоварӣ намуданд, ки 435 ҳазор тоннаашро гандум ташкил дод. Соли 2010 ин нишондиҳандаҳо мутаносибан 1,2 млн. тонна ва 547 ҳазор тоннаро ташкил дода буданд.

Дар Вазорати кишоварзӣ умедворанд, ки соли ҷорӣ ҳосили гандум ба 800 ҳазор тонна баробар хоҳад шуд.

Дар масъалаи қимати орд бошад, нархи як халта орди навъи якум (50 кило) аз гандуми маҳаллӣ 156 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба нархи соли гузашта 30% зиёдтар аст. Нархи як халта орди навъи якуми воридотӣ дар бозорҳои пойтахт ба ҳисоби миёна ба 175 сомонӣ барои 50 кило баробар аст.

Талаботи Тоҷикистон ба гандум 1,5 млн. тонна дар як солро ташкил дода, аз нисф зиёди он аз Қазоқистон ворид карда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.