Эҳтимоли танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ба Русия сафар кардани тоҷикистониён

Роҳбари Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский бо пуштибонӣ аз ташаббуси Хадамоти федералии назорати маводи нашъаовари ин кишвар аз сафари тоҷикистониён ба Русия танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ҷонибдорӣ кардааст. Қаблан мақомоти раҳбарии Хадамоти федералии назорати маводи нашъаовари Русия чандин маротиба изҳор карда буд, ки тартиби вуруди шаҳрвандони кишварҳои бидуни раводид ба ин кишвар ба тасҳеҳ […]


Роҳбари Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский бо пуштибонӣ аз ташаббуси Хадамоти федералии назорати маводи нашъаовари ин кишвар аз сафари тоҷикистониён ба Русия танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ҷонибдорӣ кардааст.

Қаблан мақомоти раҳбарии Хадамоти федералии назорати маводи нашъаовари Русия чандин маротиба изҳор карда буд, ки тартиби вуруди шаҳрвандони кишварҳои бидуни раводид ба ин кишвар ба тасҳеҳ ниёз дорад.

Директори Хадамоти мазкур Виктор Иванов дар ин робита чунин ибрози андеша намуда буд, ки барои вуруди шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ ба Русия мебояд шиносномаи хориҷиро ҷорӣ намуд, вале таъкид дошт, ки барои сокинони ин кишварҳо «ба ҳеҷ ваҷҳ» раводид ҷорӣ кардан лозим нест.

«Вуруд ба Русия бо шиносномаи хориҷиро ман ҷонибдорӣ мекунам», – гуфтааст дар шарҳи ин масъала Ромодановский . Ӯ иброз доштааст, ки ин масъалаи мушкил аст, вале онро «мебояд ҳал намуд».

Ромодановский таъкид кардааст, ки ин масъала пеш аз ҳама ба шаҳрвандони Қирғизистону Тоҷикистон дахл дорад.

«Мавҷудияти шиносномаи хориҷӣ ба кам шудани монеъаҳо барои будубош дар Русия имкон фароҳам оварда, ба қонунӣ дар қаламрави Русия қарор доштани муҳоҷирон мусоидат менамояд», – гуфтааст номбурда.

Қобили зикр аст, ки айни замон шаҳрвандони Белорус, Украина, Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ метавонанд бидуни шиносномаи хориҷӣ ба қаламрави Русия ворид шаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.