Эътирози прокуратура ба ҳукми суд нисбати собиқ сардори зиндони Ваҳдат

Дата:


Суди шаҳри Ваҳдат собиқ сардори муассисаи ислоҳии ЯС 3/2-и низомаш шадид Давлат Раҳимов ва табиби ин муассиса Саидхон Расуловро дар хунукуназарӣ, ки ба худкушии маҳкумшуда Ачик Қаюмов оварда расонид, гунаҳкор донист.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Суди олии ҷумҳурӣ хабар доданд, собиқ сардори зиндон дар ҳаҷми 26 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуда, табиб ба муҳлати ду сол шартан аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Аз суди шаҳри Ваҳдат ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки мақомоти прокуратура аз болои ҳукми суд эътироз оварда, барои гунаҳкорон ҷазои вазнинтарро тақозо мекунад. Бо баҳонаи то ҳанӯз мавриди амал қарор нагирифтани ҳукми суд, манбаъ аз шарҳи ҷузъиёти дигари масъала худдорӣ варзид.

Бино ба маълумоти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ, айни замон сарварии муассисаи ислоҳии Я/С 3/2-и Ваҳдатро Идибой Муҳтоҷев ба дӯш дорад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти мавҷуда, тобистони соли гузашта дар ин зиндон боз як маҳбуси дигар – Нуъмон Сатторқулов низ даст ба худкушӣ зада, ҳодисаҳои дигари суиқасд ба худкушӣ низ ҷой доштаанд.

Моҳи июли соли равон зимни нишасти хабарӣ вазири адлияи ҶТ Рустам Менглиев иттилои сабти се ҳодисаи марги маҳбусон длар муассисаи ислоҳии Ваҳдатро тасдиқ намуда, иброз дошта буд, ки онҳо бо сабабҳои гуногун ба вуқӯъ пайваста, ба истифодаи шиканҷа ё кирдори бераҳмона аз ҷониби кормандони муассиса марбут нестанд.

Вазири адлия изҳор карда буд, ки дар робита ба марги маҳкумшуда Нуъмон Сатторқулов Прокуратураи генералӣ тафтиш гузаронида, муайян кард, ки дар он ҳеҷ кас, аз ҷумла шахсони мансабдор гунаҳкор нестанд. «Тафтишоти Прокуратураи генералӣ дар робита ба мушаххас кардани сабабҳои марги Ачик Қаюмов идома дошта, маҳбуси сеюм Алишер Қосимов бар асари бемории домана ба ҳалокат расид», – гуфта буд ӯ.

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное