Cафири ИМА: Ҳузури низомии Русия дар ҶТ ба ҳамкории мо таъсиргузор нест

Зимни нишасти хабарии нахустини худ сафири нави ИМА дар Тоҷикистон Сюзен Эллиот изҳор кард, ки ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҳамкории низомӣ миёни Душанбеву Вашингтон таъсир расонида наметавонад. «Пойгоҳи низомии Русия ҳанӯз аз замони шӯравӣ дар Тоҷикистон мустақар аст ва ман бар ин назарам, ки он барои тақвияти ҳамкориҳои низомӣ миёни […]


Зимни нишасти хабарии нахустини худ сафири нави ИМА дар Тоҷикистон Сюзен Эллиот изҳор кард, ки ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҳамкории низомӣ миёни Душанбеву Вашингтон таъсир расонида наметавонад.

«Пойгоҳи низомии Русия ҳанӯз аз замони шӯравӣ дар Тоҷикистон мустақар аст ва ман бар ин назарам, ки он барои тақвияти ҳамкориҳои низомӣ миёни Тоҷикистону ИМА монеъа эҷод намесозад», – таъкид дошт дипломат.

Сафир бори дигар таъкид намуд, ки ИМА пас аз соли 2014 нияти дар Тоҷикистон ё дигар кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ кушодани маркази транзитиро надорад.

«Айни замон нуқтаҳои транзитии мо дар Тоҷикистон вуҷуд доранд, ки тавассути онҳо маҳсулоти ғайринизомӣ ба Афғонистон интиқол дода мешавад», – гуфт ӯ.

Номбурда ҳамчунин афзуд, ки чанде қабл фармондеҳи нақлиёти ИМА ба Душанбе ташриф овард ва масъалаи мазкур, аз ҷумла бунёди зербинои зарурӣ барои ҳамлу нақли транзитӣ дар меҳвари гуфтушунидҳои ӯ бо мақомоти Тоҷикистон қарор дошт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.