Таҷлили Рӯзи Созмони Милали Муттаҳид дар Душанбе

Имрӯз дар Душанбе вохӯрии ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон бо намояндагони васоити ахбори умум доир гардида, дар он доир ба ҳамкории СММ бо Тоҷикистон дар зарфи 20 соли соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ ибрози назар карда мешавад. Чорабинии мазкур ба муносибати Рӯзи СММ созмон дода мешавад, ки ҳамасола дар саросари ҷаҳон рӯзи 24-уми октябр ҷашн гирифта мешавад. […]


Имрӯз дар Душанбе вохӯрии ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон бо намояндагони васоити ахбори умум доир гардида, дар он доир ба ҳамкории СММ бо Тоҷикистон дар зарфи 20 соли соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ ибрози назар карда мешавад.

Чорабинии мазкур ба муносибати Рӯзи СММ созмон дода мешавад, ки ҳамасола дар саросари ҷаҳон рӯзи 24-уми октябр ҷашн гирифта мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии доимии СММ дар Душанбе иттилоъ доданд, бо журналистон ҳамоҳангсози доимии СММ, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ Александр Зуев ва дигар роҳбарони ниҳодҳои СММ дар ҷумҳурӣ суҳбат хоҳанд кард.

Ёдрас мекунем, ки 24-уми октябри соли 1945 Оинномаи СММ мавриди амал қарор гирифт. Аз ҳамон замон ин сана ҳамчун Рӯзи Созмони Милали Муттаҳид таҷлил мегардад.

Дар паёми соли ҷории худ ба ин муносибат Дабири кулли СММ Пан Ги Мун зикр кардааст, ки соли 2015 – соли ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола наздик мешавад ва созмонро зарур аст, ки назди худ вазифаҳои бештар бузургмиқёсро гузорад.

Дабири кулли СММ изҳор доштааст, ки айни замон мо дар марҳилаи тағйироти аслӣ ва дигаргуниҳои амиқ зиндагӣ дорем ва афзоиши мушкилоте ба монанди таҳдид ба таъмини амният, нобаробарӣ ва таҳаммулнопазирӣ дар ҳоли афзоиш аст.

«Дар бисёр самтҳо ба СММ муяссар шуд, ки ба пешравиҳои назаррас муваффақ гардад. Аз соли 2000-ум нишондиҳандаи сатҳи ниҳоии камбизоатӣ то нисф коҳиш ёфта, дар аксари кишварҳои дунё дигаргуниҳои демократӣ сурат мегиранд. Дар кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта аломатҳои мусбати рушди иқтисодӣ ба мушоҳида мерасанд», – таъкид кардааст Пан Ги Мун дар паём.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.