Қабули нахустин Кодекси шаҳрсозӣ дар Тоҷикистон

Лоиҳаи Кодекси шаҳрсозии аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба танзиму тартиби масоили соҳаи сохтмон ва меъморӣ нигаронида шудааст. Зимни шарҳи лоиҳа ба вакилон раиси Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҶТ Абдувалӣ Комилов изҳор кард, ки кодекс сатҳи масъулияти сохторҳои давлатиро зимни сохтмони иншооти нав боло мебарад. «Мувофиқи меъёрҳои кодекс, тамоми субъектҳои машғул ба тиҷорати сохтмон […]


Лоиҳаи Кодекси шаҳрсозии аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба танзиму тартиби масоили соҳаи сохтмон ва меъморӣ нигаронида шудааст.

Зимни шарҳи лоиҳа ба вакилон раиси Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҶТ Абдувалӣ Комилов изҳор кард, ки кодекс сатҳи масъулияти сохторҳои давлатиро зимни сохтмони иншооти нав боло мебарад. «Мувофиқи меъёрҳои кодекс, тамоми субъектҳои машғул ба тиҷорати сохтмон уҳдадоранд, ки ҳангоми бунёди манзилҳои истиқоматӣ, иншооти таъиноти иҷтимоӣ ва давлатӣ масоили таъмини мудофиаи гражданӣ зимни рух додани ҳолатҳои фавқулода ва амалҳои террористиро ба инобат гиранд», – қайд кард А.Комилов.

Ба андешаи ӯ, Кодекси шаҳрсозии пешниҳодшуда монеъаҳои бюрократӣ зимни дастрас кардани иҷозатнома барои сохтмони иншооти гуногунро бартараф месозад. «Аз ҷониби таҳиягарони кодекс бекор намудани ҳудуди 10 номгӯи асноди иҷозатномавӣ ё дигар ҳуҷҷатҳо дар бахши сохтмон пешниҳод гардидаст», – таъкид кард раиси Агентӣ.

Зимни суханронӣ дар робита ба ин масъала раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов изҳори итминон кард, ки лоиҳаи Кодекси нави шаҳрсозӣ ба мушкилоти сохтмони ғайриқонунӣ ва кӯчонидану хароб сохтани биноҳо хотима мебахшад.

«Пас аз қабули кодекси мазкур дигар ҳолатҳое рух нахоҳанд дод, ки шаҳрвандон бо иҷозати мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои худ манзил месозанду сипас ҳокимияти марказӣ ин қитъаҳои замини ҷудошударо ғайриқонунӣ шуморида, биноҳои шаҳрвандонро хароб месозанд», – зикр кард Шабдолов.

Раиси ҲКТ ҳамчунин таъкид намуд, ки Кодекси шаҳрсозӣ ба фаъолияти афроди машғул ба хариду фурӯши ғайриқонунии замин хотима мебахшад.

«Дар Кодекс ҳамчунин ишора шудааст, ки қитъаи барои сохтмон гирифташуда то замони дар он бунёд нагардидани 60%-и иншоот наметавонад ба фурӯш гузошта шавад», – афзуд Шабдолов.

Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров зикр кард, ки дар кумитаву комиссияҳои Маҷлиси намояндагон Кодекси шаҳрсозӣ муддати беш аз 7 моҳ баррасӣ шуда, ба он аз ҷониби вакилон зиёда аз 250 тағйироту илова пешниҳод гардидааст.

Пас аз баррасии дусоата вакилони палатаи поёнии парлумон Кодекси шаҳрсозиро якдилона маъқул шумориданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.