Муаррифии маҳсулоти ғизойии ширкатҳои Белорус дар Душанбе

Дар пойтахти Тоҷикистон муаррифии маводи ғизойии ҳудуди 20 ширкати Белорус доир мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, маросими муаррифии маҳсулоти ғизойии ширкатҳои Белорус 30-юми октябр дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» баргузор мегардад. «Дар маросими муаррифӣ аз ҷумла маснӯоти қаннодӣ, нӯшокиҳои спиртӣ ва маҳсулоти тамоку пешкаш хоҳанд шуд», – гутфанд дар […]


Дар пойтахти Тоҷикистон муаррифии маводи ғизойии ҳудуди 20 ширкати Белорус доир мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, маросими муаррифии маҳсулоти ғизойии ширкатҳои Белорус 30-юми октябр дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» баргузор мегардад.

«Дар маросими муаррифӣ аз ҷумла маснӯоти қаннодӣ, нӯшокиҳои спиртӣ ва маҳсулоти тамоку пешкаш хоҳанд шуд», – гутфанд дар ПСС ҶТ.

Ба иттилои манбаъ, чорабинии мазкур аз ҷониби сафоратхонаи Белорус дар Душанбе дар ҳамдастӣ бо Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба хотири густариши ҳузури маҳсулоти Белорус дар бозори Тоҷикистон ва ҳамчунин дарёфти шарикони ҳамкорӣ барои ширкатҳои белорусӣ дар Тоҷикистон созмон дода мешавад.

Зимнан зикр гардид, ки дар баробари ширкатҳои Белорус ҳудуди 50 ширкатҳои истеҳсоли маҳсулоти ғизойии Тоҷикистон низ маҳсулоти худро ба маърази тамошо хоҳанд гузошт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.