Мураббӣ: Мавзуна боксро тарк намекунад

Мирзо Шамсиев, мураббии дорандаи медали биринҷии Олимпиадаи Лондон Мавзуна Чориева изҳор кард, ки пас аз се ҳафта шогирдаш ба тамрин оғоз мекунад. Ба қавли вай, табиист, ки пас аз издивоҷи Мавзуна барнома ва нақшаи тамринҳо тағйир ёфта, машқҳо танҳо дар самти омодагии техникиву тактикӣ сурат хоҳанд гирифт. «Ҳамсарон кӯдакро орзу доранд ва бигзор Худо мададгорашон […]

Даврон Ғуфронов


Мирзо Шамсиев, мураббии дорандаи медали биринҷии Олимпиадаи Лондон Мавзуна Чориева изҳор кард, ки пас аз се ҳафта шогирдаш ба тамрин оғоз мекунад.

Ба қавли вай, табиист, ки пас аз издивоҷи Мавзуна барнома ва нақшаи тамринҳо тағйир ёфта, машқҳо танҳо дар самти омодагии техникиву тактикӣ сурат хоҳанд гирифт.

«Ҳамсарон кӯдакро орзу доранд ва бигзор Худо мададгорашон бошад. Пас аз ба дунё омадани кӯдак тамринҳои Мавзуна то яксолагии тифл қатъ мегарданд. Сипас тамринҳои ҳамаҷониба шояд аз охири соли 2013 шурӯъ шаванд», – иброз дошт М.Шамсиев.

Мураббӣ ҳамчунин зикр кард, ки ҳамсари М.Чориева низ қаблан ба бокс машғул буда, вале овозаҳои дар тамринҳо ҳамчун рақиб қувваозмоӣ кардани ӯ бо Мавзуна воқеият надоранд.

Ёдрас мекунем, ки дорандаи медалҳои биринҷии Олимпиадаи Лондон-2012 Мавзуна Чориева издивоҷ кард. Маросими ақди никоҳи ӯ рӯзи 27-уми октябр дар тарабхонаи «Анохита»-и шаҳри Кӯлоб баргузор гардид. Ҳамсари ӯ хатмкардаи факултаи менеҷмент ва маркетинги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Амон Бобоев аст.

Мавзуна Чориева ваъда дода буд, ки дар Бозиҳои навбатии Олимпиада дар Бразилия соли 2016 барои дастаи Тоҷикистон медали тило ба даст хоҳад овард.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Мавзуна Чориева изҳор карда буд, ки ба муддати як сол «варзишро тарк мегӯяд», зеро кӯдак ба дунё оварданӣ аст. «Ҳамсараму оилаашон муқобил нестанд, ки ман бо варзиш машғул бошам, вале ман тасмим гирифтам, ки пас аз ба дунё овардани тифл ба варзиш машғул хоҳам шуд ва ин ба омодагии ман халал намерасонад. Агар дар тақдирам гирифтани медали тило сабт шуда бошад, пас ман онро ба даст оварда, оилаам барои ин монеъа эҷод нахоҳад кард», – гуфт Мавзуна.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.