Дар назди бемористони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин Маркази ташхиси тиббӣ (диагностика) ба фаъолият оғоз намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардухтури бемористони вилоят Шодӣ Гулаёзов иттилоъ дод, ҳарчанд марказ ҳоло расман ифтитоҳ нагардида бошад ҳам, дар ин ҷо сокинон метавонанд аз ташхисҳои гуногуни тиббӣ гузаранд. «Арзиши ниҳоии хизматрасониҳо барои як ташхис дар марказ 10 сомониро ташкил медиҳанд», – гуфт вай.
Қобили зикр аст, ки маркази мазкур бо дастгирии Бунёди Оғо Хон оид ба тандурустӣ (AKHS) ва дар ҳамдастӣ бо Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба фаъолият пардохт.
Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» намояндаи Бунёди Оғо Хон дар Тоҷикистон Ёдгор Файзов зикр кард, ки марказ дар реҷаи он-лайн фаъолият намуда, бо бемористонҳои муваффақи Бунёди Оғо Хон ва Донишгоҳи Оғо Хон дар Қарочӣ ҳамеша дар тамос хоҳад буд. «Рӯзҳои наздик робитаи доимии марказ бо яке аз марказҳои муолиҷавии шаҳри Душанбе низ таъмин хоҳад шуд», – иброз дошт номбурда.
Ба қавли Файзов, ҳукумати Тоҷикистон барои аз ин марказ истифода кардани аҳолии музофоти Бадахшони Афғонистон низ иҷозат додааст.
Зимнан зикр гардид, ки ин марҳидлаи аввали бунёди Маркази ташхиси тиббӣ буда, он аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон, Бунёди Оғо Хон ва ҳукуматҳои Фаронсаву Норвегия маблағгузорӣ шудааст. Маблағи умумии таъиншуда барои анҷоми пурраи бунёди марказ ва фаъолияти пурсамари он 5 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.





