Мусодираи ҳудуди 140 кило маводи мухаддир аз ҷониби кормандони КДАМ

Чанде қабл дар натиҷаи баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ҳудуди 144 кило маводи мухаддир дарёфт ва мусодира гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ иттилоъ доданд, дар таҳхонаи яке аз биноҳои истиқоматии баландошёнаи маркази шаҳри Хуҷанд кормандони кумита ҳудуди 9 кило героин ва беш […]

Аваз Юлдошев


Чанде қабл дар натиҷаи баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ҳудуди 144 кило маводи мухаддир дарёфт ва мусодира гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ иттилоъ доданд, дар таҳхонаи яке аз биноҳои истиқоматии баландошёнаи маркази шаҳри Хуҷанд кормандони кумита ҳудуди 9 кило героин ва беш аз 49 кило ҳашишро дарёфт ва мусодира намудаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар минтақаи марзии Тоҷикистону Афғонистон дар ноҳияи Панҷ низ ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шудаанд, ки 83,5 кило маводи мухаддири афюнро аз кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон интиқол доданӣ будаанд.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далелҳо якчанд шаҳрвандони кишвар ба ҳабс гирифта шуда, ба хотири халалдор насохтани ҷараёни тафтишот ному насаби онҳо ифшо намегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.