Президент: Мақомот ба истифода аз шиканҷа ҳуқуқ надоранд

Дар ҷамъомади ботантана ба ифтихори таҷлили ҷашни Рӯзи милиса президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки ҳеҷ як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ягон маврид ҳуқуқи истифодаи шиканҷа ва паст задани қадру қимати инсонро надорад. «Бинобар ин, ба роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати огоҳии пурраи кормандон аз талаботи қонунгузории ҷорӣ ва […]

ASIA-Plus


Дар ҷамъомади ботантана ба ифтихори таҷлили ҷашни Рӯзи милиса президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки ҳеҷ як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ягон маврид ҳуқуқи истифодаи шиканҷа ва паст задани қадру қимати инсонро надорад.

«Бинобар ин, ба роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати огоҳии пурраи кормандон аз талаботи қонунгузории ҷорӣ ва санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва пешгирии шиканҷа чорабиниҳои омӯзиширо тақвият бахшида, доир ба ҳар як ҳолати қонунвайронкунӣ аз ҷониби кормандони мақомот қарорҳои қатъӣ қабул намоянд», – иброз дошт сарвари давлат.

Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки дар ҷомеаи демократӣ риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин мутобиқ ба талаботи қонунгузорӣ амалӣ намудани фаъолияти онҳо аз ҷониби ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ низ баҳогузорӣ карда мешавад.

«Вобаста ба ин, мехоҳам оид ба баъзе ҳолатҳои мавҷудаи вобаста ба шиканҷа, ки ҷомеаи мутамаддин онро маҳкум мекунад, ибрози ақида намоям,- гуфт ӯ. – Бояд гуфт, ки сиёсати Ҳукумати кишвари мо дар самти пешгирии шиканҷа ва дигар усулҳои нораво зимни таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ комилан ташаккул ёфта, ҳатто соли ҷорӣ бо ворид намудани иловаҳо ба қонунгузории ҷиноятӣ нисбат ба шахсони ба шиканҷа роҳдода ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ карда шуд».

Сарвари давлат қайд намуд, ки танҳо дар давоми даҳ соли охир ҳаҷми маблағгузории мақомоти милитсия аз ҳисоби буҷети давлатӣ мунтазам афзуда, музди меҳнати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ қариб 30 баробар ва иловапулӣ барои рутбаи кормандони милитсия 33 баробар зиёд карда шуд.

«Дар ин муддат садҳо нафар ва танҳо ҳамин сол беш аз сад нафар кормандони милитсия бо хонаҳои истиқоматӣ ва қитъаҳои замин таъмин карда шуда, зиёда аз 140 бинои маъмурӣ ва иншооти Вазорати корҳои дохилӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ гардид. Илова бар ин, ба маблағи 18 миллион сомонӣ барои эҳтиёҷоти мақомоти корҳои дохилӣ нақлиёту техникаи махсус, яроқу аслиҳа ва воситаҳои махсуси хизматӣ харидорӣ гардида, барои мукофотонидани ҳайати шахсӣ беш аз 22 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст», – таъкид дошт президенти кишвар.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин гуфт, танҳо тайи панҷ соли ахир барои хизмати содиқона ва ҷасорату корнамоӣ 19 нафар кормандони мақомот ба рутбаи генералӣ ва 116 нафар бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Маконҳои забҳи чорво барои Иди Қурбон дар Душанбе маълум шуданд

Дар арафаи таҷлили Иди Қурбон барои забҳ ё куштани...

Силсилаи нави “HONOR 600” бо имконоти пешрафтаи ҳуши маснӯӣ муаррифӣ шуд

Ҳуши маснӯӣ, дурбини шабона ва анбораи пуриқтидор дар як дастгоҳ.

Ҷуфтҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2026 маълум шуданд

Бозиҳои аввали ин марҳила рӯзҳои 27-29 -уми май баргузор мешаванд.