Пешниҳоди маблағгузории мустақими Ҷопон ба иқтисоди Тоҷикистон

Ахири ҳафтаи гузашта дар Токио вохӯрии ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Вазири корҳои хориҷии Ҷопон Коичиро Гембой баргузор шуд. Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар оғози сӯҳбат Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ҳамтои ҷопонии худ барои пазироии гарм ва ташкили […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтаи гузашта дар Токио вохӯрии ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Вазири корҳои хориҷии Ҷопон Коичиро Гембой баргузор шуд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар оғози сӯҳбат Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ҳамтои ҷопонии худ барои пазироии гарм ва ташкили намунавии вохӯрии 4-уми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» изҳори миннатдорӣ намуд.

Дар рафти вохӯрии ҷонибҳо масъалаҳои равобити дуҷониба, ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, вазъият дар минтақа бо назардошти хуруҷи қувваҳои эътилофӣ дар соли 2014 аз Афғонистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Роҳбарони ҳайатҳо ба амалисозии лоиҳаҳои минтақавӣ оид ба сохтмони роҳҳони оҳану мошингард, афзун намудани квотаи донишҷӯёни Тоҷикистон барои таҳсил дар Ҷопон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон иброз дошт, ки вақти ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкориҳо расидааст ва ба ҷониби Ҷопон дар бобати маблағгузории бевосита намудан ба иқтисодиёти Точикистон пешниҳод манзур сохт.

Мусоҳибон инчунин ба масъалаҳои таҳкими ҳифзи сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон таваҷҷӯҳ намуданд. Вобаста ба ин Вазири корҳои хориҷии Ҷопон дар бораи кумакрасонии зарурӣ барои муҷаҳҳазсозии техникии ҳифзи сарҳад изҳори омодагӣ кард. Ӯ ҳамчунин зикр намуд, ки роҳбарияти Ҷопон ба саҳмгузорӣ ва дастгирие, ки Тоҷикистон нисбати Афғонистон зоҳир мекунад, баҳои баланд медиҳад.

Аз рӯйи натоиҷи мулоқоти ҳайатҳо Ёддошти ҳусни тафоҳум байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон ба имзо расид.

Ҳамчунин  дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон маросими супоридани навниҳолони сакура аз номи созмони японии «Соя» баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ, роҳбари созмони «Соя» хонум Мика Мори, ки ҳамзамон роҳбари «Mori Trust Holdings Inc» мебошад, сафири собиқи Ҷопон дар Тоҷикистон Шин Маруо, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон, кормандони Сафорати Тоҷикистон, донишҷӯёни тоҷик, ки дар Ҷопон таҳсил мекунанд, меҳмонони дигар ҳузур доштанд.

Зимни суханронии худ дар назди ҳозирин Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар бораи решаҳои таърихии дӯстии миёни халқҳои тоҷику япон, ки аз Роҳи бузурги абрешим сарчашма мегиранд, роҷеъ ба вазъи имрӯза ва дастовардҳои ҳамкории дуҷониба, кӯмаки бебаҳои Ҳукумати Ҷопон ба Тоҷикистон дар рушди захираҳои инсонӣ, маориф, тандурустӣ, инфрасохтор ва дигар соҳаҳо иттилоъ дод.

Дар фазои тантанавӣ хонум Мика Мори ба Вазир 100 навниҳоли сакураро супорид, ки онҳо ҳангоми ифтитоҳи бинои нави варзорати корҳои хориҷии кишвар шинонда хоҳанд шуд.

Созмони «Соя» дар соҳаҳои гуногуни фарҳанг фаъолият анҷом дода, бо мукофоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон ва мукофотҳои мухталифи байналмилалӣ сазовор шудааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Маконҳои забҳи чорво барои Иди Қурбон дар Душанбе маълум шуданд

Дар арафаи таҷлили Иди Қурбон барои забҳ ё куштани...

Силсилаи нави “HONOR 600” бо имконоти пешрафтаи ҳуши маснӯӣ муаррифӣ шуд

Ҳуши маснӯӣ, дурбини шабона ва анбораи пуриқтидор дар як дастгоҳ.

Ҷуфтҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2026 маълум шуданд

Бозиҳои аввали ин марҳила рӯзҳои 27-29 -уми май баргузор мешаванд.

Оҷонсии омор мегӯяд, дар се моҳ дар Тоҷикистон 48 ҳазор ҷойи кор таъсис ёфтааст

Ин дар ҳолест, ки дар кишвар норасоии қувваи кории соҳибтахассус вуҷуд дорад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Малика Собирова то Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ ва ихтирои хамираи дандон.