Расидагии ҳукуматдорони кишвар ба шикоятҳои зиндониён


Пас аз ба вуқӯъ пайвастани як қатор ҳодисаҳои ногувор дар зиндонҳои кишвар, як гурӯҳи намояндагони Прокуратураи генералӣ, Суди олӣ ва Вазорати адлияи Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки бо маҳкумшудагон суҳбат ороста, ба арзу шикоятҳои онҳо расидагӣ намоянд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ иттилоъ доданд, чанде қабл бо маҳкумшудагони муассисаи ислоҳии №1-и пойтахт вохӯрӣ доир гардида, имруз дар зиндони Ваҳдат низ чунин як мулоқот барпо карда мешавад.

«Вохӯриҳо дар тамоми муассисаҳои ислоҳии ҷумҳурӣ баргузор гардида, дар ҳайати гурӯҳ муовини вазири адлия, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ Иззатулло Шарифов низ ҳузур дорад», – гуфтанд дар сарраёсат.

Ба иттилои манбаъ, оид ба шароити будубош маҳкумшудагон қариб ҳеҷ шикояте надоранд. «Аслан  маҳкумшудагоне, ки аъзои созмони мамнӯъшудаи «Хизб-ут-Таҳрир» мебошанд, аз мавриди афв қарор наирфтанашон шикоят доранд ва доир ба афви чанде қабл суратгирифта низ шикоятҳо мавҷуданд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки намояндагони васоити ахбори умум низ метавонанд ба сафи гурӯҳ пайваста, аз муассисаҳои ислоҳии кишвар ва шароити будубоши маҳбусон боздид намоянд.

Қобили зикр аст, ки ҳодисаҳои ахиран дар муассисаҳои ислоҳии кишвар мавриди шиканҷа ва кирдори бераҳмона қарор гирифтани маҳбусон ва бар асари он ба ҳалокат расидани онҳо, нигаронии шадидеро дар ҷомеа ба бор овард.

Ҳафтаи гузашта зимни мулоқот бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки ҳеҷ як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ягон маврид ҳуқуқи истифодаи шиканҷа ва паст задани қадру қимати инсонро надорад.

«Бинобар ин, ба роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати огоҳии пурраи кормандон аз талаботи қонунгузории ҷорӣ ва санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва пешгирии шиканҷа чорабиниҳои омӯзиширо тақвият бахшида, доир ба ҳар як ҳолати қонунвайронкунӣ аз ҷониби кормандони мақомот қарорҳои қатъӣ қабул намоянд», – иброз дошт сарвари давлат.   

spot_imgspot_img

Популярное