Баъди ширкат дар конфронси «Ваҳдати уммати исломӣ», ки рӯзҳои 11 ва 12 ноябри 2012 дар Исломобод баргузор гардид, Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ ва вакили МН, дар Донишгоҳи байналмилаллии исломии Исломобод бо донишҷӯён ва устодони донишгоҳи мазкур, ки аз миллатҳо ва кишварҳои исломии мухталиф мебошанд, мулоқот намуд.
Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, Муҳиддин Кабирӣ дар аввал дар бораи Тоҷикистон, таърихи ҲНИТ ва дар бораи вазъияти кунунии кишвар ва минтақа суҳбат кард.
Роҳбари ҲНИТ гуфт, ки Ҳизби наҳзат хоҳони ислоҳоте дар Тоҷикистон мебошад, ки онро худи ҳукумат ба даст гирад ва ҲНИТ онҳоро дар ин ислоҳот кумак хоҳад кард.
Инчунин, ҳайати ҳизб бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ аз Маркази таҳқиқоти сиёсӣ (Institute of Policy Studies), ки яке аз машҳуртарин ва бонуфузтарин марокизи таҳкикотӣ дар Покистон ба ҳисоб меравад, дидан карданд.
Холид Рахмон, мудири кулли марказ, баъди маълумоти мухтасаре аз марказаш гуфт, ки Маркази таҳқиқоти сиёсӣ бо ҳама сафоратхонаҳо, бахусус бо сафоратхонаҳои Осиёи Марказӣ муносибати хуб дорад.
Масъалаи вазъи минтақа пас аз баромадани нерӯҳои НАТО аз Афғонистон яке аз мавзуъҳои сӯҳбат буд ва пешниҳод шуд, ки коршиносони ду кишвар ҳамкории бештар дар таҳқиқи масоили амниятӣ ва субот дошта бошанд.





