Вазири нақлиёти Тоҷикистон хостори барқарор кардани рафтуомад ба Русия тариқи қатораву автобус шудааст

Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар як чорабинӣ дар Маскав масъалаи барқарор кардани рафтуомад тариқи роҳи оҳан ва автобус, инчунин танзими нархи интиқоли молу коло бо Русия ва тариқи ин кишвар ба дигар давлатҳоро баррасӣ кардааст. Сомонаи расмии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон менависад, ки вазир Азим Иброҳим рӯзи 21-уми ноябр зимни мулоқот бо Роман Старовойт, вазири нақлиёти Русия дар ҳошияи […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар як чорабинӣ дар Маскав масъалаи барқарор кардани рафтуомад тариқи роҳи оҳан ва автобус, инчунин танзими нархи интиқоли молу коло бо Русия ва тариқи ин кишвар ба дигар давлатҳоро баррасӣ кардааст.

Сомонаи расмии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон менависад, ки вазир Азим Иброҳим рӯзи 21-уми ноябр зимни мулоқот бо Роман Старовойт, вазири нақлиёти Русия дар ҳошияи Форуми байналмилалии “Нақлиёти Русия – 2024” масъалаи аз нав барқарор кардани хатсайри мусофирбари роҳи оҳан тариқи  “Душанбе – Маскав”-ро баррасӣ кардааст.

Равуо тариқи роҳи оҳан дар масири “Душанбе–Маскав” ҳанӯз соли 2020 дар замони пандемияи COVID-2019 қатъ гардида буд. Ҳоло қатора аз Душанбе танҳо то Волгоград меравад.

Ҳамсояҳои Тоҷикистон, ки чанд сол бо Маскав хатсайр надоштанд, дубора онро барқарор карданд. Нахустин хатсайри роҳи оҳан дар масири “Тошканд – Маскав” рӯзи 24-уми сентябри соли ҷорӣ ба пойтахти Русия рафт.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар ин мулоқот ҳамчунин, масъалаи кушодани хатсайри автобуси “Душанбе – Маскав”, “Бохтар – Маскав”, “Хуҷанд – Қазон”, “Хуҷанд – Маскав” ва “Хуҷанд – Екатеринбург”-ро махсус зикр кардааст.

Зимнан, вазорати нақлиёти Русия навиштааст, ки ҷонибҳо дар бораи роҳандозӣ кардани хатсайри автобус миёни шаҳрҳои Хуҷанд ва  Новосибирск ба тавофуқ расидаанд.

Ҳарчанд санаи дақиқи оғози ин хатсайр ҳанӯз маълум нест, вале зикр мешавад, ки “он дар рӯзҳои наздик роҳандозӣ хоҳад шуд”.

Аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба мо ваъда карданд, ки санаи дақиқи роҳандозӣ кардани ин хатсайр ва нарх ҷадвали равуоро пагоҳ, 26-уми ноябр пешниҳод мекунанд.

Дар мулоқоти Азим Иброҳим ва Роман Старовойт ҳамчунин, масоили зиёд кардани рухсатномаҳои транзитӣ, иҷозати ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаши Тоҷикистон тавассути дигар нуқтаҳои убури сарҳади байни Русия ва Беларус мавриди баррасӣ қарор гирифтаст.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон ба Русия пешниҳод кардааст, ки нархи хизматрасонии интиқоли борҳои воридотию содиротӣ бо нақлиёти роҳи оҳан, ки аз Тоҷикистон тавассути қаламрави Русия мегузарад, коҳиш дода шавад.

“Бо дарназардошти чолишҳои муосир Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди нақлиёти шаҳрӣ ва ҷорӣ намудани низоми рақамӣ дар соҳаи нақлиёт аҳамияти калон медиҳад. Ба манзури ин, инчунин таҷрибаи ғании ҷониби Русия, мо ба ҳамкорӣ бо шумо дар ин самт манфиатдорем” – гуфтааст Азим Иброҳим

Моҳи ноябри соли пеш сарони ду кишвар вобаста ба соҳаи нақлиёт як қатор санадҳо имзо карда буданд. Аз ҷумла, нақшаи тарбирҳои амалии “Харитаи роҳ” барои солҳои 2023-2025 ба имзо расида буд.

Қаблан, байни шаҳрҳои Тоҷикистон ва Русия барои интиқоли мусофирон ва молу коло хатсайрҳои роҳи оҳан ва автобус фаъол буд. Вале дар замони пандемияи COVID-2019 аксари онҳо қатъ гардиданд. Давоми солҳои охир як қатор хатсайрҳои автобус барқарор шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.