Имрӯз, дар таърихи 08.08.08, соати 8-у 8 дақиқаи бегоҳ дар Пекин маросими ифтитоҳи Бозиҳои Олимпии соли 2008 доир мегардад

Душанбе. 8-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз,дар таърихи 08.08.08, соати 8-у 8 дақиқаи бегоҳ (17-у 08 дақиқаи вақти маҳаллӣ) дар Пекин маросими ифтитоҳи Бозиҳои Олимпии соли 2008 доир мегардад. Дар он сарони кишварҳои беш аз 130 кишвари дунё, аз ҷумла президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок хоҳанд кард. Қобили зикр аст, ки ҳайати ҷумҳурии мо таҳти […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 8-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз,дар таърихи 08.08.08, соати 8-у 8 дақиқаи бегоҳ (17-у 08 дақиқаи вақти маҳаллӣ) дар Пекин маросими ифтитоҳи Бозиҳои Олимпии соли 2008 доир мегардад. Дар он сарони кишварҳои беш аз 130 кишвари дунё, аз ҷумла президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок хоҳанд кард.




Қобили зикр аст, ки ҳайати ҷумҳурии мо таҳти роҳбарии раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Маликшо Неъматов дар Пекин қарор дорад.



Дар Олимпиадаи Пекин 15 варзишгари Тоҷикистон дар 8 навъи варзиш шарафи кишварро ҳимоят хоҳанд кард. Ин варзишгарон Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ), Галина Митяева (варзиши сабук, гурзандозӣ), Расул Боқиев (дзюдо, то


73 кг

), Шералӣ Бозоров (дзюдо, то

81 кг

), Неъматуллоҳ Асронқулов (дзюдо, то

90 кг

), Виталий Корякин (гӯштии озод, то

60 кг

), Юсуф Абдусаломов (гӯштии озод, то

84 кг

), Шералӣ Достиев (бокс, то

48 кг

), Анвар Юнусов (бокс, то

51 кг

), Ҷаҳон Қурбонов (бокс, то

81 кг

), Екатерина Измайлова (шиноварӣ, тарзи озод,

50 м

), Алишер Чингизов (шиноварӣ, тарзи озод,

50 м

), Албина Камолиддинова (камонварӣ), Низом Сангов (вазнабардорӣ,

69 кг

) ва Сергей Бабиков (тирандозӣ) мебошанд.





Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон парчами Тоҷикистонро дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Олимпии Пекин ба гурзандоз Дилшод Назаров боварӣ намуд.





Пагоҳ боксчии тоҷик Ҷаҳон Қурбонов ва камонвар Албина Камолиддинова ба мусобиқа шурӯъ мекунанд. Бозиҳои Олимпӣ то 24-уми август идома хоҳанд ёфт.




Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.