Буҷети давлатии соли ояндаи Тоҷикистон нисбат ба буҷети давлатии соли равон 1,5 миллиард сомонӣ зиёдтар аст

            Душанбе. 2-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат   Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар он беш аз 45 масъалаи муҳим баррасӣ шуд, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» мавриди баррасию муҳокимаи муфассал қарор […]

root



           

Душанбе. 2-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат

 

Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар он беш аз 45 масъалаи муҳим баррасӣ шуд, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» мавриди баррасию муҳокимаи муфассал қарор гирифт.





           

Чунонки аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон маълум шуд, мутобиқи ин санад Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2009 ба андозаи 20 миллиарду 665 миллион сомонӣ, болоравии сатҳи истеҳсолот дар ҳаҷми 7,1 дар сад ва таваррум 13 дар сад ба нақша гирифта шудааст. Буҷети давлатӣ бошад, дар соли 2009 бояд 6 миллиарду 8 миллион

 

сомонӣ (29 дар сади ММД) – ро ташкил диҳад, ки ин нисбат ба Буҷети давлатии соли равон бо ҳисоби номиналӣ 1,5 миллиард сомонӣ зиёд аст.




           

Сарвари давлат Буҷети давлатии соли 2009 –ум ро буҷети рушди иқтисодӣ маънидод карда, таъкид дошт, ки

 

аз ним зиёди он ба соҳаҳои воқеии истеҳсолӣ ва сохтмони иншооти стратегӣ равона мегардад, аз ҷумла ба сохтмони нерӯгоҳҳои обии барқӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ, корхонаҳои саноатӣ, роҳҳою нақбҳои мошингард ва ғайра. 2 миллиарду 437 миллион сомонии Буҷети давлатии соли 2009 ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона мегардад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.