Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон Протоколи Аҳдномаи мамлакатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба тағйирёбии иқлим баррасӣ шуд

Душанбе. 7-уми октябр – Дирӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид. Дар он Протоколи Аҳдномаи мамлакатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба тағйирёбии иқлим, ки 11- декабри соли 1997 дар Киото қабул шудааст, қарор дар бораи маблағгузорӣ барои иҷрои нақшаи чорабиниҳои татбиқи барномаи […]

root


Душанбе. 7-уми октябр – Дирӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид. Дар он Протоколи Аҳдномаи мамлакатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба тағйирёбии иқлим, ки 11- декабри соли 1997 дар Киото қабул шудааст, қарор дар бораи маблағгузорӣ барои иҷрои нақшаи чорабиниҳои татбиқи барномаи рушди асосҳои иҷтимоиву тиббии беҳтар сохтани шароити зиндагӣ ва барқарор намудани қобилияти кории ветеранҳои ҷанг, иштирокчиёни муноқишаҳои маҳдуд, амалиёти сулҳҷӯёна ва осебдидагони амалиёти террористӣ дар давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар давоми солҳои 2006-2010, протоколи ворид намудани тағироту иловаҳо ба Созишномаи эътирофи мутақобилаи ҳуқуқи рафту омади имтиёзноки маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, инчунин шахсони ҳуқуқашон ба онҳо баробаркардашуда аз 12 марти соли 1993, масъалаи ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Аҳдномаи Созмони байналмилалии моликияти зеҳнӣ оид ба ҳуқукӣ муаллиф лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» ва нишондиҳандаҳои «Барномаи миёнамӯҳлати буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2011» баррасӣ шуданд.





      

Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Маҳбуба Нуриддинова ва Додихудо Саймуддинов роҷеъ ба моҳияти ин ҳуҷҷатҳои муҳим ибрози ақида карданд. Баъзе ҳуҷҷатҳои баррасишуда ба иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон ва баъзе ҳуҷҷатҳо барои такмилу таҷдид ва хулосабарорӣ ба шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон фиристода шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.