Душанбе. 6-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар мурофиаи додгоҳӣ пас аз қироати айбнома аз ҷониби айбдоркунандаи давлатӣ, айбдоршавандагон оид ба парвандаи сокини пойтахт Сафаралӣ Сангов – сарваколатдорони фаврии бахши кофтукови ҷиноии ШКД-и ноҳияи Сино-1-и пойтахт Абдураҳмон Ёқубов ва Қодир Ҳасанов қисман ба гуноҳи худ иқрор шуданд.
Ҳарду корманди милиса ба хунукназарӣ зимни иҷрои вазифаҳои хидматии худ гумонбар дониста мешаванд, ки бино ба маълумоти натоиҷи тафтишоти доиргардида, ба марги С.Сангов боис гардидааст. Ҳамчунин хулосаҳои ташхисгарони тиббии судӣ пешниҳод гардид, ки дар он гуфта мешавад, Сангов бар асари ҷароҳати вазнин бардоштан аз сар – шикасти пӯшидаи косахонаи сар, кафидани рагҳои хунгарди мағзи сар ва ғайра ба ҳалокат расидааст.
Гумонбаршудагон чунин баёнот доданд, ки ахири моҳи феврали соли равон ба онҳо дар бораи ба муомилоти ғариқонунӣ машғул будани сокини 37-солаи шаҳри Душанбе Сафаралӣ Сангов маълумот расидааст ва онҳо амалиёти боздошти ӯро тарҳрезӣ кардаанд. Рӯзи 1-уми март ба чор нафар кормандони милисаи ШКД-1-и Сино – Абдураҳмон Ёқубов, Қодир Ҳасанов, Салим Давлатов ва Ҷамшед Сафаров муяссар шудааст, ки Санговро боздошт намоянд. «Зимни боздошт гумонбаршуда муқобилият нишон дод ва моро лозим омад, ки ба дастҳои ӯ завлона зада, бо мошин ӯро ба шӯъбаи милиса орем», – гуфтанд Ёқубов ва Ҳасанов.
Ба қавли онҳо, ҳангоми ворид шудан ба бинои шӯъба ду нафар кормандони милиса ӯро аз ду китф ва аз пеш як корманди дигар аз гиребонаш дошта мебурдаанд. «Ҳамин тариқ, мо ба ошёнаи дуюм баромадем ва ин замон Сангов рӯҳан ба айбдориаш нисбат ба муомилоти ғариқонунии маводи мухаддир тоб наоварда, аз дасти мо раҳо хӯрд ва худро аз зинапоя ба ошёнаи якум партофт. Мо ӯро боз бардошта, ба ошёнаи дуюм баровардем, вале чун дари утоқи кориро боз намудем, Сангов давон ба дохили он ворид шуда, ду маротиба сарашро сахт ба девор зад. Мо ӯро бардошта, ба курсӣ шинонидем, вале Сангов аллакай беҳуш буд. Сипас мо мошии ёрии таъҷилии тиббиро даъват намуда, ӯро ба беморхона бурдем», – изҳор доштанд айбдоршавандагон. Маҳз ҳамин далел асоси гуноҳи айбдоршавандагон қарор гирифтааст, зеро дар сурати қабули қарор ҷиҳати ба шӯъбаи корҳои дохили овардани боздоштшуда, масъулияти таъмини амнияту ҳаёт ва тандурустии боздоштшуда ба дӯши кормандони милиса вогузор аст.
Ба гуфтаи айбдоршавандагон, Сангов ба содир намудани ҷинояти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гумонбар дониста шуда, чанде баъдтар аз кисаи камзӯл (куртка)-и ӯ 420 грамм маводи нашъаовари ҳашиш дарёфт шудааст.
Ҳамсари бевамондаи Сангов Сарвиноз Ҳикматова, ки ҷабрдида аст, қотеъан далелу бурҳони айбдоршавандагонро рад сохта, ба додрас фарзияи худро дар ин хусус пешниҳод кард. «Рӯзи 1-уми март бидуни пешниҳоди санаду муаррифии худ, иҷозатнома (ордер)-и додгоҳ барои ҷустуҷӯву ҳабс ва бо сарулибоси шаҳрвандӣ 6 ё 7 нафар кормандони милиса ба саҳни ҳавлии мо ворид шуда, ба латукӯби шавҳари ман оғоз карданд. Хешовандони зиёди мо ба саҳни ҳавлӣ омаданд, мо кӯшиш кардем, ки чӣ воқеъа рух доданро бифаҳмем, аммо кормандони милиса дағалона бо мо рафтор мекарданд ва ҳатто ба сари як нафар шоҳиди ба ҳабс гирифтан – зани ҷавони ҳомиладор, ки хеши ман аст, зарба ҳам заданд. Зимни кофтуков аз ҳамсари ман чизе дарёфт накарданд, вале ба дастонаш завлона зада, зӯран ба мошин шинониданд ва ба шӯъба бурданд», – мегӯяд ӯ.
Ба қавли С.Ҳикматова, хешу ақрабо ҳама ба назди бинои ШКД Сино-1 омадаанд, вале дар куҷо будану чӣ ҳол доштани Сафаралӣ ва ба чӣ гумонбар шудани ӯро касе ба онҳо шарҳ надодааст ва танҳо шоми рӯзи 1-уми март онҳо огоҳ гардидаанд, ки ӯ дар шӯъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) дар ҳолати вазнин қарор дорад. Хешовандон аз гуфтугӯи кормандони маркази тиббӣ тасодуфан дар бораи ҷароҳатҳои зиёди бардоштаи Сафаралӣ, аз ҷумла шикастани сутунмӯҳра, бинӣ ва ғайра, яъне «98% зарб хӯрдани ҷисми ӯ ва дар баданаш ягон ҷойи обод боқи намондан» огоҳ гардидаанд. Хабар дода мешуд, ки яке аз табибон дар бораи аз меъёр ниҳоят зиёд истеъмол кардани маводи мухаддир хотиррасон кардааст, вале тибқи маълумоти мавҷуда, ташхиси минбаъдаи хун мавҷуд будани маводи нашъаоварро тасдиқ насохтааст. Ҳангоми ба беморхона омадани хешовандони Сангов дар таърихи 5-уми март, кормандони беморхона гуфтаанд, ки Сафаралӣ Сангов субҳ ба ҳалокат расидааст. Хешовандон хоҳиш кардаанд, ки ҷасадро аз наздик бубинанд, вале тавре тасдиқ мешавад, кормандони милисаи ҳузурдошта, роҳи воридшавӣ ба утоқи эҳёгарии шадидро банд карда, баҳри ба мурдахона (морг) интиқол додани ҷасад аз дари дигари баромад истифода кардаанд. Чанде баъдтар ҷасади Сафаралӣ Санговро ба хешовандонаш дода, ӯро ҳамон рӯз ба хок супурдаанд.
Ба эътиқоди Сарвиноз Ҳикматова, қазияи ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир машғул будани шавҳараш бофтае беш набуда, бо мақсади «пулситонӣ» аз ӯ рӯйи кор оварда шудааст.
Ҳамсари Сангов ҳамчунин мегӯяд, тайи тамоми ин муддат кормандони милиса боре ҳам ба хонаашон наомада, ҳатто узр ҳам напурсидаанд. «Танҳо як маротиба сардори ШКД Сино-1 Раҳмон Давлатов ба хонаи онҳо омада, гуфтааст, ки «бачаҳои ӯ» ҳангоми дар сафари хидматӣ қарор доштанаш ба чӣ корҳое даст задаанд. Ӯ ба мо изҳори ҳамдардӣ намуда, гуфт, «ин хости Худост», – зикр намуд Сарвиноз Ҳикматова.
Қобили зикр аст, ки қазияи мазкур ба туфайли фаъолияти муассири ВАО ва ҷалби созмонҳои байнулмилаливу дифоъ аз ҳуқуқи инсон вокуниши пурсарусадои аҳли ҷомеаро ба бор овард. Аз ҷумла, созмони байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи Amnesty International ва Дафтар оид ба дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар Тоҷикистон изҳороти муштараке дар ин хусус қабул карда, дар он аз ҳолатҳои марги Сафаралӣ Сафаралӣ Кенҷаев изҳори нигаронӣ карданд. Онҳо аз ҳукумати Тоҷикистон даъват ба амал оварданд, ки фавран ин қазияро мавриди тафтишоти дақиқ, беғаразона ва мустақил қарор дода, аз натиҷаҳои он ҷомеаро огоҳ созад ва ҳамчунин мутобиқи ӯҳдадориҳои Тоҷикистон ҳамчун кишвари узви Конвенсияи СММ муқобили шиканҷа ва дигар навъҳои муносибату ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва пастзанандаи шаъну эътибор, айбдоронро ба ҷазои сазовар маҳкум созад.








