С.Шарифов: Ба Яман эҳтимоли ҷиддии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ таҳдид дорад

Душанбе. 6-уми июн. «Азия-Плюс» — | Пас аз кишварро тарк гуфтани президенти Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ ба ин кишвар эҳтимоли ҷиддии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ таҳдид дорад, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сӯҳроб Шарифов. Ба қавли вай, то оғози гирдиҳамойиҳои оммавӣ дар ин кишвар дар […]

Душанбе. 6-уми июн. «Азия-Плюс» — | Пас аз кишварро тарк гуфтани президенти Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ ба ин кишвар эҳтимоли ҷиддии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ таҳдид дорад, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сӯҳроб Шарифов.

Ба қавли вай, то оғози гирдиҳамойиҳои оммавӣ дар ин кишвар дар моҳҳои феврал-марти соли ҷорӣ, президент Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ ва дастаи ӯ бе ин ҳам бо як душворие аз ӯҳдаи идораи мамлакат мебаромаданд, зеро Яман мудом таҳти фишори пешвоёни қабилаҳои муқими он қарор дорад. «Ғайр аз ин, ахиран фишори ИМА ва кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ба роҳбарони Яман афзуд, зеро ин кишвар пас аз Афғонистон маконе маҳсуб меёбад, ки террористони байнулмилалӣ дар он паноҳ бурдаанд», – гуфт ӯ.

Ба ақидаи Сӯҳроб Шарифов, пас аз кишварро тарк кардани президент мухолифат миёни пешвоёни кабилаҳо барои сари қудрат расидан тезутунд хоҳад шуд ва ин метавонад омилаи пурзӯри сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардад. «Бар асари беҳокимиятиву хараҷу мараҷ ва нооромӣ, ки метавонанд Ямаро фаро гиранд, ба он ҷо гурӯҳҳои террористии байнулмилалӣ роҳ пеш мегиранд, зеро нуқтаҳои даргир барои онҳо макони дилхоҳи будубоши осуда ва фаъолияти густарда аст», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта президенти Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ бар асари мушакборони кохи Раёсати ҷумҳурӣ ҷароҳат бардошта, баҳри табобат ба Арабистони Саъудӣ мунтақил шуда буд. Баъди ба ҳуш омадан ӯ изҳор доштааст, ки ба ватан бармегардад, вале дар ин хусус то ҳанӯз маълумоти дақиқе дастрас нест.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.