Парлумон қонуни масъулияти падару модар дар тарбияи фарзандро то таътил баррасӣ мекунад

Душанбе. 6-уми июн. «Азия-Плюс» — | Имрӯз аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Назира Ғаффорова баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари сухангӯи Маҷлиси […]

Душанбе. 6-уми июн. «Азия-Плюс» — | Имрӯз аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Назира Ғаффорова баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари сухангӯи Маҷлиси намояндагон Аҳлиддин Салоҳов хабар дод, аз рӯи масъалаи мазкур раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, ва сиёсати ҷавонон Марҳабо Ҷабборова суханронӣ намуда, ҳадаф аз пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур барои баррасӣ ба ин мақоми олии қонунгузори кишварро баланд бардоштани масъулияти падару модарон ва дигар наздикону пайвандон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи фарзондони худ ва дар ин замина фаро гирифтани ҳамаи наврасону ҷавонон ба таълим дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ арзёбӣ кард.

Ба иттилои манбаъ, таҳияи лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» бо ташаббуси сарвари давлат сурат гирифта, он нимаи моҳи июн дар ҷаласаи иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон даъвати чорум, яъне то ба таътили парлумонӣ рафтани намояндагони мардумӣ, ки аз 1-уми июл оғоз гардида то аввали моҳи октябр идома меёбанд, мавриди баррасӣ қарор мегирад

Зикр гардид, ки дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» ва Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.